Раҳбари ҶИЭ: Сардори бузургу пурифтихори Ислом осмонӣ шуд

 Дар паи шаҳодати сарлашкари пурифтихор Қосим Сулаймонӣ ва шаҳидони ҳамроҳи вай раҳбари инқилоби ҶИЭ паём содир кард.

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Миллати азизи Эрон!

Сардори бузургу пурифтихори Ислом осмонӣ шуд. Шаби гузашта арвоҳи поки шаҳидон, рӯҳи поки Қосим Сулаймониро ба оғӯш гирифтанд. Солҳо муҷоҳидати мухлисона ва шуҷоъона дар майдонҳои мубориза бо шайтонҳо ва шароратҳои олам, ва солҳо орзуи шаҳодат дар роҳи Худо, саранҷом Сулаймонии азизро ба ин мақоми воло расонд ва хуни поки ӯ ба даст пасттарин башарҳо ба замин рехт. Ин шаҳодати бузургро ба пешгоҳи ҳазрати Имом Замон (аҷ) ва ба рӯҳи поки худи ӯ табрик ва ба миллати Эрон таслият арз мекунам. Ӯ намунаи барҷастае аз тарбиятшудагони Ислом ва мактаби Имом Хумайнӣ буд, ӯ ҳамаи умри худро ба ҷиҳод дар роҳи Худо гузаронд. Шаҳодат подоши талоши бевақфаи ӯ дар ҳамаи ин солҳо буд. Ба хосту иродаи илоҳӣ, бо рафтани ӯ кори ӯ ва роҳи ӯ мутаваққиф ва баста нахоҳад шуд, вале интиқоми сахте дар интизори ҷинояткороне аст, ки дасти палиди худро ба хуни ӯ ва дигар шаҳидони ҳодисаи шаби гузашта олӯданд. Шаҳид Сулаймонӣ, чеҳраи байналмилалии муқовамат аст ва ҳамаи дилбастагони муқовамат хунхоҳ ӯянд. Ҳамаи дӯстон – ва ҳамчунин ҳамаи душманон – бидонанд, ки хатти ҷиҳоду муқовамат бо ангезаи музоаф идома хоҳад ёфт ва пирӯзии қатъӣ дар интизори муҷоҳидони ин роҳи муборак аст. Набуди сардори фидокор ва азизи мо талх аст, вале идомаи мубориза ва даст ёфтан ба пирӯзии ниҳоӣ коми қотилону ҷинояткоронро талхтар хоҳад кард.

Миллати Эрон ёду номи шаҳиди олимақом, сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва шаҳидони ҳамроҳи ӯ ба вежа муҷоҳиди бузурги Ислом ҷаноби оқои Абумаҳдӣ Муҳндисро бузург хоҳад дошт ва инҷониб се рӯз азои умумӣ дар кишвар эълон мекунам ва ба ҳамсари гиромӣ ва фарзандони азиз ва дигар бастагони эшон табрику таслият мегӯям.

Сайидалӣ Хоманаӣ

13Дей 1398

Абумаҳдӣ МуҳандисҚосим СулаймонӣСайидалӣ ХоманаӣЭрон
Comments (0)
Add Comment