Конгирес иҷозати террори Сулаймониро ба артиши Амрико надод/ҷанг бо Эронро намехоҳем

Раиси кумитаи иттилооти маҷлиси сенои Амрикр гуфт, ки конгиреси ин кишвар иҷозати террори фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи Посдорони инқилоби исломиро надодааст.

“Адам Шиф”, раиси кумитаи иттилооти маҷлиси сенои Амрико мегӯяд: Конгиреси ин кишвар иҷозати террори сардор Сулаймонӣ, фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломиро ба артиши Амрико надодааст.

Шиф дар Твиттери баъд аз такрори иттиҳомоти беасос алайҳи сардор Сулаймонӣ навишт: “Конгирес иҷозати террори ӯро надод ва мардуми Амрико ҷанг бо Эрон намехоҳанд”.

Шиф дар идома навишт: “Акнун бояд ҳама гомҳои лозимро барои муҳофизат аз неруҳоямон дар баробари ташдиди ногузири танишҳо ва мухотирот бардорем”.

Сипоҳи посдорон дар иттилоияи худ овардааст: “Сардори сарафрози Ислом ҳоҷи Қосим Сулаймонӣ пас аз умре муҷоҳидат бомдоди имрӯз дар ҳамлаи болгардҳои Амрикоӣ ба шаҳодат расид”.

“Аҳмад Ал-Асадӣ”, як сухангӯи неруҳои басиҷи мардуми Ироқ ба рӯйтерз гуфт: “Амрико ва Исроил масъули қатли ду муҷоҳид, Абӯмаҳдӣ Муҳандис ва Қосим Сулаймонӣ ҳастанд”.

Абумаҳдӣ МуҳандисАдам ШифАмрикоАҳмад Ал-АсадӣИроқИсроилҚосим Сулаймонӣ
Comments (0)
Add Comment