Зиндагиномаи сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ

Шаҳодат аҷри сардори муҷоҳид Қосим Сулаймонӣ. Сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи хастагинопазири ҷабҳаҳои ҳақ зидди ботил саҳаргоҳи имрӯз (3 январи 2020) дар ҳамлаи болгардҳои амрикоӣ ба мошини вай дар атрофи фурудгоҳи Бағдод бо ҷамъе аз муҷоҳидони ҷабҳаи муқовимат шаҳди ширини шаҳодатро сар кашид ва ба ёрони шаҳидаш пайваст.

Сарлашкари шаҳид Қосим Сулаймонӣ дар соли 1335 ҳиҷрӣ-шамсӣ дар маҳаллаи кӯҳистонӣ ва дурафтодаи Қаноти Малик дар шаҳристони Робари вилояти Кирмони Эрон ба дунё омад.
Дар 12-солагӣ пас аз поёни таҳсилоти давраи ибтидоӣ, зодгоҳи худро тарк кард ва машғул ба кори сохтмонӣ дар Кирмон шуд ва чанде баъд низ ба унвони паймонкор дар созмони об машғул ба кор шуд ва дар ҳамон солҳо низ фаъолиятҳои инқилобии худро оғоз кард.
Вай, ки пас аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар моҳи феврали 1979, ба узвияти Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ даромад ва дар ибтидои ҷанги ҳаштсолаи Ироқ бо Эрон фармондеҳи ду гардон аз неруҳои кирмониро ба ӯҳда дошт то ин ки бо пешниҳоди шифоҳии сардори шаҳид Ҳасани Боқирӣ, типи ҷадиде аз неруҳои Кирмонро ташкил дод, ки андаке баъд дар зимистони соли 61 ба лашкари 41 Соруллоҳ иртиқо ёфт, ки шомили неруҳое аз Кирмон, Систон ва Балучистон ва Ҳурмузгон мешуд.
Сардори шаҳид дар тӯли даврони дифои муқаддас (8 сол ҷанги Ироқ бо Эрон), бо лашкари таҳти амри худ дар амалиётҳои зиёде аз ҷумла, вал-Фаҷр 8, Карбалои 4, Карбалои 5 ва ҳамлаи Шаламча ҳузури муассир дошт.


Лашкари 41 Соруллоҳро бояд ҷузъи лашкарҳои хатшикани Сипоҳ дар солҳои дифои муқаддас номид, ки неруҳои он нақш ба сазое дар амалиётҳои бузурге мисли вал-Фаҷри 8, Карбалои 5 ва… доштанд.
Агар барои бисёре аз ҳамразмони Қосим Сулаймонӣ, ҷанг дар тобистони соли 67 ба поён расид, вале барои ӯ оғози даврони ҷадиде дар майдонҳои набард буд.
Вай ба воситаи ҳузур дар марзҳои шарқӣ ва собиқаи мубориза бо ашрор ва гурӯҳҳои маводи мухаддир дар марзҳои Эрон ва Афғонистон, дар соли 1376 аз сӯи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи кулли қуво аз Кирмон ба Теҳрон фаро хонда ва масъулияти неруи Қудси Сипоҳ ба ӯ супорида шуд.


Аз ҷумла нуқоти дурахшони фармондеҳии сардори шаҳид Сулаймонӣ бар неруи Қудс, тақвияти Ҳизбуллоҳи Лубнон ва гурӯҳҳои муборизи Фаластинӣ буд, ки намуди айнии онро дар набардҳои зиёде аз ҷумла ҷанги 33-рӯзаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ва режими саҳюнистӣ ва пирӯзии муборизони Фаластинӣ дар ҷанги 22-рӯзаи Ғазза зидди артиши муҷаҳҳази Исроил дидем.
Дар воқеъ шаҳид Қосим Сулаймонӣ тавониста буд стратегияи Ҷумҳурии Исломии Эрон яъне кӯмак ба гурӯҳҳои мубориз зидди Исроилро ба хубӣ дунбол карда ва ҳар рӯз дар ин масир қадамҳои дигаре бардорад.
Сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ дар соли 1389 бо ҳукми ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо як дараҷаи иртиқо ба дараҷаи сарлашкарӣ ноил омад, аммо ҳанӯз ҳам дар афкори умумӣ ҳама ӯро «Ҳоҷ Қосим» мехонанд.


Аммо ин поёни моҷаро набуд. Бо тавтеаи ҷадид ғарб ва пуштибонии молии кишварҳое монанди Арабистони Саудӣ, ки ба шаклгирии гурӯҳакҳои террористӣ-такфирӣ аамми аз ДИИШ ва Ҷабҳатуннусрат дар минтақа анҷомид, сардори сарафроз Қосим Сулаймонӣ маъмурияти тоза ёфт ва он ҳам муқобила бо ин таҳдидот дар ду кишвари Ироқ ва Сурия буд.
Шаҳид Сулаймонӣ дар Ироқ «Ҳашдушшаъбӣ» ва дар Сурия «Басиҷи мардумӣ»-ро шакл дод ва бо кӯмаки онҳо ва ҳидояту мушовираи неруи Қудси Сипоҳ, тайи 6 сол, ҳузури террористҳо дар ин ду кишвар тақрибан ҷамъ шуд.
Сардори шаҳид ва неруҳояш бо дархости расмии давлатҳои Сурия ва Ироқ, ба ин ду кишвар рафтанд ва монеи суқути Димишқ ва Бағдод шуданд ва ҳам ӯ буд, ки бо сафар ба Маскав, нақши басазое дар ҳамроҳ кардани Русия ва Путин барои вуруд ба майдони набарди Сурия дошт.


Шояд яке аз аҳдофи аслии душманон барои суқути Сурия, қатъ кардани иртиботи Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон буд, вале бо шикасти ДИИШ ва нақшофарини неруи Қудс дар Сурия ва Ироқ, як ҳалқаи мустаҳкам ба номи ҳалқаи муқовимат ташкил шуд ва занҷираи Эрон, Ироқ, Сурия ва Лубнон ва Фаластинро ба ҳам пайванд дод.
Ҷои тардид нест, ки ин мавзӯъ хилофи хости Амрико ва Исроил аст, вале бо фармондеҳии «Қосим Сулаймонӣ» дар умқи майдон ва ташкили басиҷи мардумӣ дар Сурия ва Ироқ ин мавзӯъ ба воқеият табдил шуд ва иттиҳод дар ҷабҳаи муқовимат ба вуҷуд овард.
Нақши бебадили сардор Сулаймонӣ дар мудирияти минтақа ва муқобила бо душманон, алқобе чун «шабаҳи фармондеҳ», «қудратмандтарин фарди Ховармиёна» ва «кобӯси Исроил»-ро аз сӯи амрикоиҳо ва исроилиҳо, барои ӯ ба дунбол доштааст.


Ҳузури муассири шаҳид ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ дар саҳнаи мубориза бо ДИИШ ва шикасти ин тавтеаи саҳюнистӣ дар минтақа боис шуд то дар исфандмоҳи 1397 нишони Зулфиқор ба унвони олитарин нишони низомии Эрон аз сӯи оятуллоҳ Хоманаӣ ба сардор Сулаймонӣ ҳадя шавад.
Саранҷом ин фармондеҳи хастагинопазири ҷабҳаи муқовимати исломӣ саҳаргоҳи имрӯз (3 январи 2020) дар ҳамлаи болгардҳои амрикоӣ ба мошине, ки дар он буд дар атрофи фурудгоҳи Бағдод, шаҳди ширини шаҳодатро сар кашид ва ба ёрони шаҳидаш пайваст.
Рӯҳаш шод ва роҳаш пурраҳрав бод!

Бознависӣ аз Форс

АмрикоИроқҚосим СулаймонӣшаҳодатЭрон
Comments (0)
Add Comment