Раисҷумҳури Ироқ истеъфои худашро эълон кард

Бурҳум Солеҳ, раисҷумҳури Ироқ зимни мухолифати бо шахси ҷадид барои нахусвазирӣ истеъфои худаш аз мақоми раёсатҷумҳуриро ба парлумон ироа кард.

Раисҷумҳури Ироқ дар баёнияе зимни эълони омодагии худ барои тақдими истеъфо ба парлумон эълон кардааст, ки истеъфоро бар интихоби номзаде, ки эътирозкунандагон қабул надоранд, тарҷеҳ медиҳад.

Бурҳум Солеҳ, раисҷумҳури Ироқ дар ин баёния таъкид кард, ки Асъад Идонӣ, номзади фраксиюни Баноъро барои нахуствазирӣ, маъмур ба ташкили кобина намекунад ва худи ӯ низ барои истеъфо аз мақоми раёсатҷумҳурӣ омодагӣ дорад.

Як манбаи ироқӣ гузориш дод, ки намояндае аз иътилофи Соирун мегӯяд, ки ин иътилоф истеъфои Солеҳро нахоҳад пазируфт ва Соирун бо пазириши гузинаҳои матраҳшуда аз сӯи аҳзоб барои нахуствазирӣ мухолиф аст.

Аз сӯи дигар, як манбаи ироқӣ гуфтааст, ки фишорҳои Амрико далели адами пазириши Асъад Идонӣ, ба унвони нахуствазири маъмур ба ташкили давлат аз ҷониби Солеҳ шудааст, Идонӣ гузинаи муаррифишуда аз сӯи бузургтарин иътилофи парлумони Ироқ аст.

Ҳамчунин ҷараёни ҳикмати Ироқ бо истеъфои Солеҳ мухолифат карда ва ба нақши асосии раисҷумҳур дар ҳифозат аз Қонуни асосӣ ва дифоъ аз ҷони мардуми Ироқ таъкид кард.

Ҷавод Ҳамдон, намояндаи иътилофи Соирун дар парлумони Ироқ, низ эълон кард: иътилофи Соирун истеъфои раисҷумҳурро рад мекунад.

Солеҳ зимни ироаи истеъфо ба парлумони кишвар таъкид кард, ки манофеи кишвар дар ин аст, ки авзоъро ором карда ва ба хостаи мардум амал кунем.

 

Ироқистеъфораисҷумҳур
Comments (0)
Add Comment