Ҳамлаи ҳавоӣ режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза

Манобеи хабарӣ аз идомаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, дар бомдоди панҷшнбе хабар медиҳанд.

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Форс”, манобеи хабарӣ мегӯяанд, ки ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза дар бомдоди панҷшнбе ҳамчунон идома дорад ва ҷангандаҳои ин режим, ба аҳдофе дар ин минтақа таҷовуз кардаанд.

“Алҷазира” хабар додааст, ки ҷангандаҳои Исроилӣ мавозеи муқовимати Фаластинро дар шимол ва ҷануби Ғазза, ҳадафи ҳамалоти худ қарор додаанд. Як манбаи хабарии Фаластинӣ ҳам гузориш додааст, ки ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ, як минтақаро дар шимоли Ғазза бо се фарванд ракета ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Соати қабл низ шабакаи “Алманор” гузориш дод, ки тӯпхонаи режим ишғолгари саҳюнистӣ, мантақаеро дар Байтул-Лаҳм ҳадафи ҳамла қарор додааст.

Ин ҳамалот пас аз он рух дод, ки шиллики мушак аз навори Ғазза ба шаҳраки сҳюнистнишини Асқалон, «Бенёмин Нетонёҳу», нахуствазири режими ишғолгари Қудсро, ки барои таблиғоти интихоботӣ ба ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ сафар карда буд, аз маҳалли суханронӣ роҳии паноҳгоҳ кард.

Саҳюнистҳо мегӯяанд, сомонаи гунбади оҳанин ба ин ҳамлаи ракетӣ вокуниш нишон додааст.

Ин дувумин бор буд, ки Нетонёҳу дар пайи ҳамлаи ракетии муқовимат маҷбӯр шуд барномаи таблиғотии худро ба мақсади паноҳгоҳ тарк кунад. Пеш аз ин дар ҷараёни рақобатҳои интихоботи бенатиҷаи қаблии саҳюнистҳо низ, ин иттифоқ барои Нетонёҳу рух дода буд.

ҒаззаРежими саҳюнистӣҲамлаи ҳавоӣ
Comments (0)
Add Comment