Амрико барои музокира содиқ нест

Вазорати умури хориҷаи Кореяи Шимолӣ эълом кард, Амрико дар музокирот бо Пхенян содиқ нест.

Ба гузориши хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ (KCNA), вазорати умури хориҷаи ин кишвар рӯзи панҷшанбе хотирнишон кард, ҳатто агар музокироти Кореяи Шимолӣ ва Амрико аз сар гирифта шавад, Вашингтон ҳеҷ чизи ҷадиде барои ироа дар ин музокирот надорад.

Вазорати хориҷаи умури хориҷаи Кореяи Шимолӣ бо ишора ба мавозеи ахири Амрико зидди Пхенян дар нишасти Шӯрои амнияти СММ таъкид кард, Кореяи Шимолӣ чизе барои аз даст додан надорад ва омодаи посухгӯӣ ба ҳар гуна иқдомоти мутақобиле аст, ки Амрико интихоб кунад.

Токунун се даври музокира миёни Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ва Ким Ҷунг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ дар Сингапур, Ветнам ва дар марзи ду корея баргузор шуда, ки ба иллати адами пойбандии Вашингтон ба тааҳҳудоташ дар қиболи Пхенян, музокирот бо шикаст мувоҷеҳ шудааст.

Пхенян мухолифи ҳузури низомии Амрико дар шибҳи ҷазираи Корея аст ва то поёни соли ҷории 2019 ба Вашингтон мӯҳлат дода то пойи мизи музокира баргардад ва таҳримҳои зидди Кореяи Шимолиро лағв кунад, дар ғайри ин сурат бояд омодаи ҳар гуна авоқиби он бошад.

АмрикоКореяи ШимолӣмузокираПхенян
Comments (0)
Add Comment