Таъкиди мақомоти Тоҷикистон ва Аврупо бар тавсеаи равобит ва муносибот

Вазири умури хориҷа Тоҷикистон дар 26-умин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи САҲА бо дабири кулли ин созмон, мулоқот кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар 26-умин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви САҲА ширкат ва суханронӣ кард.

Муҳриддин дар ин нишаст ҳамзамон бо авлавиятҳои Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба чолишҳои аслии ҷаҳон модерн аз ҷумла мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва тағйири иқлим ишора кард. Раиси ниҳоди дипломатии Тоҷикистон дар чорчӯби ин нишаст ҳамчунин ба таври ҷудогона бо Томас Гремингер, дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Питар Буриан, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ, Фернандо Марзо, муовини вазири хориҷаи Испания ва Марией Терезой Рибейро, муовини вазири умури хориҷаи Португалия дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин мулоқот Муҳриддин бо дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар хусуси чашмандози ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалӣ дар чорчуби мубориза бо терроризм, конфронси иҷроии аҳдофи даҳсолаи «об барои рушди пойдор» дар соли 2020 ва соири мавзӯоти мавриди алоқаи ду тараф баҳсу  табодули назар сурат гирифт. Дар мулоқоти вазири хориҷаи Тоҷикистон ва намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ масоили марбут ба тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, иҷрои стратегияи ҷадиди Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва тарҳҳои муштарак дар қолаби мазкур, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

ИспанияИттиҳоди АврупоМарией Терезой РибейроОсиёи марказӣПортугалияСАҲАСироҷиддин МуҳриддинСозмони Амният ва Ҳамкории АврупоТомас ГремингерТоҷикистонФернандо Марзо
Comments (0)
Add Comment