Решаи асосии мушкилоти ахири Ироқ

Намояндаи собиқи парлумони Ироқ мӯътақид аст, ки сардаргумӣ дар давлат ва ҳузури неруҳои амрикоӣ дар кишвар ва вуқӯи ҷангҳои фирқаӣ ва ҷанг бо Алқоида ва ДИИШ ҷилави бисёре аз проектҳои умрониро дар Ироқ гирифт ва ин шароит боис шудааст то мардум аз бекорӣ ва хадамоти заиф ранҷ баранд.

Хабаргузории тасним бо ҳадафи бозтоби воқеӣ рӯйдодҳо ва эътирозоти ахири Ироқ гуфтугӯҳои силсилавореро бо шахсиятҳои донишгоҳӣ ва сиёсии ин кишвар анҷом дода ва саъй кардааст бидуни пешдоварӣ ва ҷонибдорӣ аз ҳизб ё ҷараёни хос бозтобдиҳандаи нигоҳи воқеӣ ва мушкилоти асосии ин кишвар бошад.

Дар ҳамин бора Тасним бо доктор Аднон Сироҷ, намояндаи собиқи парлумони Ироқ ва раиси тавсеаи расонаҳои ин кишвар дар бораи ҳаводиси ахири Ироқ гуфтугӯ анҷом додааст, ки матни он дар зер меояд:

Тасним: буҳрони кунунии Ироқро читавр метавон тафсир кард, оё буҳрони решадор аст ва решаҳои он ба анбошти мушкилот аз замони режими собиқ ва низ нокомии давлатҳои рӯи кор омада аз соли 2003 дар ин кишвар бозмегардад ё инки мушкиле аст, ки ба хостаҳои бахши ҷавон аз ҷумла дар заминаи эҷоди фурсатҳои шуғлӣ ва аз байн бурдани бекорӣ ва эътироз ба набуди хадамоти асосӣ ҳамчун барқ ва монанди он бозмегардад?

Сироҷ: решаи буҳрони кунунии Ироқ ба замони фурӯпошии низоми Саддом ва рӯи кор омадани як қудрати дигар дар соли 2003 бозмегардад. Баъд аз ин давра касоне идораи умури кишварро ба даст гирифтанд, ки ба хубӣ аз паси он барнаомада ва барномаҳоеро ироа мекарданд, ки дар он ихтилофи назар доштанд ва низ ҳеҷ чашмандозе дар бораи оянда ва ё ҳаргуна таҳаррук ва ё вазоратхона надоштанд. Илова бар ин навъе сардаргумӣ дар давлат ва ҳузури неруҳои амрикоӣ дар кишвар ва вуқӯи ҷангҳои фирқаӣ ва ҷанг бо Алқоида ва ДИИШ ҷилави бисёре аз проектҳои умрониро гирифт ва илова бар он фасод ба шакли ваҳшатноке густариш пайдо кард; ба тавре, ки давлатҳои мухталифи кишвар барои поён додан ба ин фасодҳо баръакс вориди умури дигаре шуданд. Ин шароит боис шудааст то мардум аз бекорӣ ва хадамоти заиф ранҷ баранд ва шикасти давлат ин ҳолате аст, ки дар кишвар мебинем. Аммо дар ин миён касе, ки мехоҳад аз ин шароит сӯиистифода кунад, қатъан неруҳои амрикоӣ-саудӣ-аморотӣ ҳастанд, ки нақши пурранге дар сӯиистифода аз ин мавзӯъ бо баёни унвонҳои сиёсӣ доранд.

Тасним: чӣ касоне имрӯз дар тазоҳурот ширкат мекунанд. Оё онҳо оммаи мардум ҳастанд ё ба аҳзоби мушаххасе вобастаанд зеро бархе эътиқод доранд, ки онҳо вобаста ба ҷараёни Садр ҳастанд ва бархе дигар мегӯянд, ки қишри бузурге аз онҳо ба вежа дар шаҳрҳои муқаддас вобаста ба Сархӣ ҳастанд ва бархе ҳам мӯътақиданд, ки онҳо намояндаи як қишри сиёсии хоссе нестанд.

Сироҷ: тазоҳуроткунандагони мусоламатҷӯ ҷавононе ҳастанд, ки фурсати кор надоранд ва ояндае пеши рӯи худ намебинанд. Ин тазоҳуроткунандагон мехоҳанд чизеро тағйир диҳанд; аммо дар муқобили онҳо харобкорон ва нуфузиҳо ва гурӯҳҳои мутааддиде вуҷуд доранд, аз ҷумла сархиҳо, ямониҳо , Ҷундулислом ва Ҷундуллоҳ ва … илова бар инҳо бархе аз неруҳои сиёсии дигар низ дар амалиёти оташ задан ва тахриб ва… мушорикат доранд. Ҷараёни садриҳо дар ин тазоҳуротҳо ширкат ва онро ба сароҳат эълом карда ва фаъолони он низ ҳамчунон дар саҳнаи эътирозот ҳузур доранд.

Тасним: бархе мӯътақиданд, ки аксари аҳзоби сиёсии Ироқ омодаи кӯтоҳ омадан аз хостаҳои худ дар қиболи якдигар дар бораи ташкили давлат ҷадид ва масоили дигаре ҳамчун ислоҳи қонуни интихобот ва монанди он нестанд. Ин масъала ояндаи сиёсӣ ва амниятии Ироқро дар маърази хатароте ҳамчун бозгашти фаъолиятҳои террористии ҳастаҳои ДИИШ ва гурӯҳҳои террористии дигар қарор медиҳад. Бинобарин аҳзоби сиёсӣ дар ин камингоҳи таърихӣ лозим аст, ки чӣ коре анҷом диҳанд?

Сироҷ: аҳзоби сиёсии кишвар бояд талошҳои худро дар як ҷиҳате муттаҳид карда ва бо матолиботи мардум ҳамоҳанг бошанд ва қабл аз тамом шудани вақт аз ин фурсат истифода кунанд.

Тасним: чаро расонаҳои арабзабон ва дар садри он расонаҳои Саудӣ аз эътирозот дар Ироқ хурсанд ҳастанд ва талош мекунанд, ки ин тазоҳуротро ба гунае ҷилва диҳанд, ки гӯё алайҳи ҳузури Эрон дар Ироқ аст ва ин мавзӯъро, ки тазоҳуроткунандагон хоҳони мубориза бо фасод ва бароварда шудани хостаҳои ба ҳақ аст, ба ҳошия мебаранд ва онро инкор кунанд?

Расонаҳои Саудӣ ва аморотӣ ва амрикоӣ бисёр хушҳол ҳастанд, ки сиёсати онҳо дар нуфуз ба системаи ҷавомеъ таҳаққуқ ёфта ва тавонистааст бисёре аз зарфиятҳо ва тавоноиҳои расонаӣ ва сиёсии худро барои эҷоди нооромӣ дар ҷомеаи Ироқ ба кор гирад. Оташсӯзии консулгарии Эрон ва шиорҳои зиддиэронӣ бахше аз барномаҳои аносири нуфузӣ аст, ки мехоҳанд бо тарҳи шиорҳое фасод дар Ироқро ба Эрон рабт бидиҳанд; Аммо бо гузашти замон ҳеҷ тағйир ва сустие дар сохтори равобити таърихӣ миён миллати Ироқ ва Эрон эҷод намешавад.

АморотАмрикоАрабистони СаудӣИроқНаҷафроҳпаймоӣТазоҳуротЭрон
Comments (0)
Add Comment