Раҳмони худкомаи риёкор ҳатто изҳори ҳамдардӣ бо миллат накард

Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ раҳбари ҲНИТ ва ПМТ дар барномаи шабакаи ПМТ (13/11/2019) дар бораи ҳодисаи мудҳиши куштори минтақаи марзии Тоҷикистону Узбекистон сӯҳбат кард. Қисмати ҳаштуми он тақдим мегардад.

Вақте ҳодисаи шашуми ноябр рух дод Раҳмон дар Шветсария буд ва рӯзи ҳаштум ба Фаронса омад. То инҷо метавон қабул кард, ки Раҳмон ба хотири барномаи мулоқотҳо монд, албатта дар бораи инки чӣ барномаҳое буд ва чигуна гузашт ва опозитсия чигуна пешвоз гирифту чӣ кор кард худатон дар расонаҳо дидеду хондед ва ман вориди он баҳсҳо намешавам. Аммо баъди мулоқоти субҳонаи кории чанд дақиқаӣ Макрон бо Раҳмон, ки чизи хоссе ҳам дар он набуд барномаи Раҳмон тамом шуд.
Дар кишвар миллат доғдор ва гирифтори мусибат шудааст ва ҷавоб мехоҳад, ки чӣ шуд ва касе маълумоти боваринок надорад ин ба истилоҳ “пешвои миллат”, “раҳбари тоҷикони дунё” ва “наҷотдиҳандаи сайёра” баъди 8 ноябр то 12 ноябр ғайб задааст ва касе намедонад, ки дар куҷост ва чӣ кор мекунад.
Агар ширкат дар Форуми Сулҳи Порис барои Раҳмон хеле муҳим буд, наметавонист 5 соат, бо ҳавопаймое, ки бо пули дуздидаи миллат шахсӣ кардааст ба Душанбе парвоз кунад ва дар паҳлӯи миллат бошад ва ба хонаводаҳои шаҳидони марзбон ва мақомот дидор ва изҳори ҳамдардӣ ва дилбардорӣ кунад ва ҳодисаҳоро равшан кунад баъд рӯзи 11 ноябр барои ширкат дар форум ба Порис баргардад.
Чаро ин корро намекунад ва чӣ мушкил дорад? Магар мисли мо беҳавопаймо ҳаст?
Ман, замоне ки вакили қатории Маҷлиси намояндагон будам вақте рӯзҳои чоршанбе, ки ҷаласаҳои порлумон баргузор мешуд дар як конфронси хориҷӣ мебудам фақат барои анҷоми масъулияти вакилӣ ва ин ки нагӯянд Кабирӣ дар ҷаласаи порлумон ғоиб буд субҳои чоршанбе бо парвози Туркиш-айр ба Душанбе меомадам дар ҷаласаи порлумон ширкат мекардам баъди нисфирӯзӣ бо парвози дигаре мисли Дубай ё Маскав ё Алмато худро ба конфронс мерасондам. Ман фақат барои анҷоми вазифаи вакилии худ дар назди миллат ин корро мекардам, дар ҳоле ки президент ё вазир набудам.
Раҳмон, ту, ки ҳавопаймои шахсӣ (бо пули дуздидаи миллат) ва чор рӯз вақт доштӣ ва ҳеҷ мулоқоте дар ин чор рӯз надоштӣ чаро ба назди миллат нарафтӣ ва бо мардум набудӣ?
Агар мо мегӯем, ки ҳам шумо ва гурӯҳҳои дигари ҷинояткор дар ин гуна ҳодисаҳои куштору ноамнӣ манфиатдор ҳастед яке аз далелҳоямон ҳамин амалкарди шумост. Агар шумо воқеан фикр мекардед, ки бо ин ҳодиса зарба хӯрдаед ва ин кори ҷинояткорон аст ва тарҳи ҳукумат ва ба нафъи ҳукумат нест билофосила ҳамон рӯзи шашум ё ҳафтум ба Душанбе мерафтӣ ва ҳоло агар қабул кунем, ки баъд аз се солу кулли орзуву таблиғот бояд бо Макрон мулоқот мекардӣ ва як субҳона мехӯрдӣ чаро баъди он барнагаштӣ? Баъд аз он метавонистӣ ба Форуми Сулҳи Порис бармегаштӣ. Аммо чӣ ширкате дар форум доштӣ. Дар ин форум навбати суханронӣ надоштӣ ва суханронӣ ҳам накардӣ. Ман дидам ва шумо ҳам метавонед дар Ютюб ва сайти PARISPEASEFORUM биравед рӯйхати тамоми барномаҳо ва суханронон эълон шуда буд.
Ман аз касоне, ки забони англисиро хуб медонанд ва ҳавсала доранд хоҳиш мекунам, ки ҳатман сӯҳбати даҳдақиқаии хонуме ҷавонеро, ки форумро ифтитоҳ кард гӯш кунанд. Ин сӯҳбати даҳдақиқаиро тарҷума кунед то миллати тоҷик бидонад, ки ин хонум дар ҳузури Раҳмон чӣ гуфт. Ӯ гуфт, ки дар ин толор президентҳо ва раҳбароне ҳузур доранд, ки рӯзноманигоронро ба хотири гуфтани сухани ҳақ зиндон кардаанд ва дар ин толор раҳбароне ҳузур доранд, ки вакилони дифоъро зиндонӣ кардаанд. Ба ин мушкилот ва ҳалли он таваҷҷӯҳ кунед агар мехоҳед дар ҷаҳон сулҳ бошад. Он хонуми ҷавон ин суханонро дар ҳузури Раҳмон гуфт ва мухотабаш ҳам Раҳмон буд.
Агар Раҳмон дар ин форум шахси калидӣ мебуд ба ӯ сухан медоданд. Барномаи 12-13 ноябри форумро бубинед ҳамаи ширкаткунандагон дар он сӯҳбат карданд. Раҳмон фақат чанд дақиқа дар ҷорум нишасту сӯҳбат кард ва чан акси селфӣ бо ину он гирифт ва баъд онро мулоқот бо шахсиятҳо ном гузоштанд, дар ҳоле ки ягон мулоқот набуд. Сӯҳбатҳои сарироҳӣ бо ҳама карда мешавад. Як ҷавони тоҷик ҳам дар ҳошияи ин конфронс бо чанд президенти ҷаҳон акс мегирад, вале номи онро мулоқоти ман бо президенти фалон кишвар намегузорад. Вале бубинед фақат барои намоишкорӣ ва таблиғот номи инро ширкат дар фалон форум ва мулоқот бо ину он мегузоранд ва чӣ қадар сатҳи паст аз худ нишон медиҳанд. Охир чаро дар форум суханронӣ надошт.
Иттифоқан Раҳмон баъди нисфирӯзӣ ба ҷои он ки ба Тоҷикистон баргардад ба Конгреси солонаи Юнеско, ки дар он фақат сафирони кишварҳо дар назди Юнеско ва намояндагони созмонҳои ғайри давлатӣ буданд, ки дар мавзӯи муҳити зист сӯҳбат мекарданд, рафт ва ягона кишваре, ки президент ва вазиронаш ширкат дошт Тоҷикистон буд. Бубинед барои намоишкорӣ ва таблиғи ин ки Раҳмон бо чанд шахсият мулоқот кардааст мусибати миллатро фаромӯш мекунанд ва ягон сухан ва таъзияву ҳамдардӣ надоранд ва бояд акси селфӣ бигиранду баъд ба Тоҷикистон баргарданд. Ин вазъи таваҷҷӯҳи ба истилоҳ “пешвои миллат” нисбати миллат ва нисбати мусибати миллат аст.
Пас вақте мегӯем, ки инҳо мусибати миллат мусибати худ намедонанд ва аслан такон намехӯранд, балки аз ингуна ҳодисаҳои куштору ноамнӣ манфиат мебаранд ва мехоҳанд, ки ингуна ҳодисаҳо бошад моро муттаҳам мекунанд, ки шумо тӯҳмат мекунеду дурӯғ мегӯед. Чаро манфиатдоранд? Чун вақте ба Аврупо омад монанди он хонуми ҷавоне, ки форуми Сулҳи Порисро ифтитоҳ кард ба ӯ мегӯянд, ки шумо президенте ҳастӣ, ки рӯзноманигорону адвокатҳо ва сиёсатмадорону опозитсияро зиндонӣ мекунӣ. Барои ин ки ба ин саволҳои душвор ҷавоб нагӯянд манфиатдоранд, ки ҳамеша дар Аврупо аз терроризм сӯҳбат шавад. Мақомоти Тоҷикистон бигӯянд, ки шумо аз мо дар бораи ҳуқуқу озодиҳои башар, матбуоту сухан ва мубориза бо корупсия ва ҳукумати хонаводагӣ сӯҳбат ва савол накунед. Шумо бо мо дар бораи мубориза бо терроризм сӯҳбат кунед ва ба ман пул диҳед.
Бинобар ин миллати азиз, бародарону хоҳарони муҳтарам хулосаи сӯҳбатҳо ин мешавад:
1. Мо набояд ба ҳамаи фарзияҳое, ки ҳукумат ё дигарон мегӯянд бовар кунем ва бояд воқеиятҳоро бишиносем ва онро бовар кунем. Бояд миллат ба ин диққат кунад, ки аз ингуна ҳаводис кӣ манфиат мебарад ва чӣ касе бояд ҷавоб диҳад.
2. Вақти он расидааст, ки муттаҳид ва бо ҳам бошем. Агар бахши диниву дунявии миллат наметавонем дар як сохтор ва сатҳ ҷо бигирем ҳадди ақал дар ин марҳила сангандозӣ ва дурӯғпароканӣ ва тӯҳматзанӣ зидди якдигарро қатъ кунем ва нагӯем, ки касоне, ки дар хориҷ ҳастанд қаҳрамону ҷасуранд ва касоне, ки дар дохили кишвар ҳастанд ва шароити баёни ҳақиқатҳоро надоранд тарсу ҳастанд ва онҳо ҳам нагӯянд, ки касоне, ки дар хориҷ ҳастанд тарсиданд ва аз Ватан гурехтанд. Бояд бидонем, ки ҳамаи мо савори як киштӣ ҳастем ва ин киштиро сурох мекунанд ва барои наҷот аввал бояд пеши сурох шудани онро бигирем ва киштии мо Тоҷикистону миллат аст ва баъд суроғи ҳалли мушкилоти ҷузъие, ки байни якдигар дорем меравем.
То сӯҳбатҳои баъдӣ Худованд нигаҳбонатон бошад.

Сафари Раҳмон ба Аврупо натиҷаи талош ва обрӯи ҷаноби Оқохон буд

КабирӣПМТРаҳмонТҶҲНИТ
Comments (0)
Add Comment