Номаи Асад ба асири сурии дар банди режими саҳюнистӣ

Раиси ҷумҳури Сурия бо ирсоли номае ба Сиддиқӣ Алмақт асири сурӣ дар банди режими саҳюнистӣ тан надодани вай ба шартҳои ин режим барои озодиашро сутуд ва ӯро асири мубориз ва қаҳрамон хонд.

Асад дар ин нома, Сиддиқӣ Алмақтро асири мубориза ва қаҳрамон тавсиф ва аз мавзеъҳои ахири вай дар напазируфтани шартҳои режими саҳюнистӣ барои озодиаш тамҷид кард.

Раиси ҷумҳури Сурия гуфт, мавзеъҳои ахире, ки дар бораи озодӣ ва таҳаммули зиндон ва идомаи боздошт дар зиндонҳои исроилӣ интихоб кард ва боздоштро ба хуруҷ аз Ҷавлони сурӣ тарҷеҳ додӣ, руҳияи мубориз ва иззату киромати туро нишон медиҳад.

Асад дар ин нома хатоб ба Алмақт навишт, мубориза ва муқовимат ту басони фидокориҳо ва исоргариҳои қаҳрамонони артиши Сурия дар ҷабҳаҳои набард алайҳи душман ва терроризм аст.

Бошгоҳи Асир вижаи расидагӣ ба умури асирони фаластинӣ ҳафтаи гузашта эълом кард, ки Сиддиқӣ Алмақт асири сурӣ (аз аҳолии Ҷавлон) дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ тарҳеро, ки Русия барои озодии вай ба Тел-Авив пешниҳод дода напазируфтааст.

Вай гуфт, ин шартҳо шомили табъиди 20 сола аз Ҷавлони Сурия ва рафтан ба Димишқ пас аз озодӣ будааст ва вай пас аз гузашти панҷ сол ҳақ дошта дархосте ба мақомоти саҳюнист барои бозгашт ба Ҷавлон ироа диҳад.

Алмақт 27 солро дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ гузаронда буд ва дар соли 2012 озод шуд. Аммо дар соли 2015 ба иттиҳоми гирифтани як видео, ки ҳамкорӣ миёни режими саҳюнистӣ ва Ҷабҳатулнасраро нишон медод бори дигар боздошт ва ба 14 сол зиндон маҳкум шуд.

ДимишқРежими саҳюнистӣРусияСиддиқӣ АлмақтҶабҳатулнаср
Comments (0)
Add Comment