Сафари Раҳмон ба Аврупо натиҷаи талош ва обрӯи ҷаноби Оқохон буд

Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ раҳбари ҲНИТ ва ПМТ дар барномаи шабакаи ПМТ (13/11/2019) дар бораи ҳодисаи мудҳиши куштори минтақаи марзии Тоҷикистону Узбекистон сӯҳбат кард. Қисмати ҳафтуми он тақдим мегардад.

Дӯстони азиз, биёед қисмати дигари мавзӯъро бубинем, ки дар ҳамин шабурӯзе, ки 35-36 нафар аз фарзандони миллат аз ҳар ду тараф қурбонӣ шуданд ҳукумат ба хусус раҳбари давлат куҷо буд ва чӣ кор кард. Ҳодисаи куштор шаби шашуми ноябр рух дод яъне дақиқан замоне ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар Шветсария буд. Табиӣ аст, ки ба ӯ гузориш ва иттилоъ доданд. Инҷо биёед таҳлил кунем, ки раҳбари давлат бо ин ҳодиса чигуна рафтор кард ва як раҳбари воқеӣ ва ба истилоҳ пешвои миллат чигуна рафтор мекунад? Раҳмонов рӯзи шашуми ноябр дар Шветсария буд ва рӯзи ҳафтум барои мулоқотҳои баъдӣ ба Фаронса сафар кард. Қабул дорем, ки мулоқоти рӯзи ҳаштум дар Фаронса барои Раҳмонов хеле муҳим буд, чун баъд аз се сол тавонист ба Аврупо биёяд. Албатта ин аҳамият мисли дидори президенти Узбакистон, ки дар он миллиардҳо доллар қарордод баста шуд набуд, чун дар мулоқоти Раҳмонов бо Макрон ҳеҷ шартномае баста нашуд ва фақат чанд тафоҳумномае дар мавзӯи муҳити зист, илму фарҳанг ва санъат ва монанди он имзо шуд. Ин мулоқот барои Раҳмонов муҳим буд, чун баъд аз се сол таҳрим ё байкоти аврупоӣ тавонист ба Аврупо биёяд ва дигар барояш муҳим набуд, ки дар кишвар зудхурд аст ва миллат кушта мешавад. То инҷо метавон ҳоли Раҳмоновро дарк кард, агарчӣ фикр мекунам, ки як раҳбари давлати дигар мебуд аз Макрон ва дигарон узрхоҳӣ мекард ва мегуфт, ки сафари баъдӣ меоям ва ҳозир миллати ман дар мусибат аст ва ман бояд баргардам, вале Раҳмонов ба Фаронса рафт.
Дар мавриди сафари Раҳмон ба Аврупо ҳам чанд фарзия ҳаст. Бархе мегӯянд, ки чун опозитсия эҳсос мекард, ки муваффақ шудааст, ки пеши роҳи сафари Раҳмон ба Аврупоро бигирад Раҳмон талош кард ва тавонист ба Аврупо сафар кунад. Бояд бидонем, ки бисёре аз фарзияҳо дар ин мавзӯъ ҳам ба хотири маълумотҳои кам ба вуҷуд омад. Бале мо гуфтем ва ҳозир ҳам мегӯем, ки Раҳмонов дар се соли гузашта натавонист ба Аврупо сафар кунад ва ҳеҷ кишвари аврупоӣ қабул накард. Дар 15/9/2019 дар Варшава гуфта будам, ки опозитсия тавонист пеши роҳи сафари Раҳмон ба Аврупоро бигирад як воқеият буд ва онҷо ҳам гуфта будам, ки ахиран маълумотҳо ҳаст, ки Раҳмонов ба Фаронса сафар хоҳад кард, чун ҳама медонистанд ва моҳи апрел ҳам расонаҳои расмии хабарӣ дар ин бора хабар дода буданд. То ин ҳадро хелеҳо медонистанд, вале каме аз афрод медонанд, ки ин сафар чигуна фароҳам шуд. Ман ба ҳамаи мардум ба хусус тарафдорони Раҳмон, ки ин сафарро ба унвони пирӯзии дипломатии ҳукумат медонанд мегӯям, ки агар шумо воқеан ингуна бовар доред пас бояд ягона касе, ки аз ӯ бояд миннатдор бошед пешвои исмоилиёни ҷаҳон ҷаноби Оғохон аст, чун ӯ заминаи ин сафар ва мулоқотҳоро ҳамоҳанг кард то пои Раҳмон ба Аврупо расид. Бе талошу ҳамоҳангиҳои ҷаноби Оқохон Раҳмон бо вуҷуди супориши боло ва талоши шабонарӯзии дипломатҳои тоҷик наметавонист ба ин сафар биёяд. Чаро ин ҳамоҳангӣ сурат гирифт? Шумо медонед, ки дар 6-7 соли ахир ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолият ва проектҳои бунёди Оқохон дар Тоҷикистон хеле мушкилӣ ба вуҷуд овард мисли Донишгоҳи Осиёи Маркзӣ дар Хоруғ, ки сохта ва ба истифода дода шуд, вале маросими расмии кушодашавии онро ба таъхир меандохтанд, чун Раҳмон намехост ин Донишгоҳ ба номи бунёди Оқохон сабт шавад. Мақомот дар Тоҷикистон одат кардаанд, ки ҳатто як мағозаи майдаи китобфурӯшӣ ё хӯрокворӣ ҳам бояд бо ҳузур ва летабурӣ ва ба номи Раҳмон ва сиёсатҳои “хирадмандонаи ӯ” кушода шавад. Агар проекте ба номи бунёди Оқохон ё дигарон кушода шавад қабул нест. Дигар проектҳои бунёди Оқоғон, ки барои миллати тоҷик муҳим ва лозим буд амалӣ нашуд. Тамоми раҳбарони дунё талош мекунанд, ки шаҳрвандонашон бо барқ, фурудгоҳ ва донишгоҳ таъмин бошанд, аммо ҳукумати Тоҷикистон ба шарте иҷозат медиҳад, ки ҳамаи он ба номи як нафар сабт шавад. Барои онҳо муҳим ва мушкил нест, ки миллат тоҷик то чанд соли дигар бебарқ мемонад ва муҳим ин аст, ки бояд неругоҳи барқи Себзор дар Бадахшон тавассути Раҳмон ва ба номи ӯ сохта шавад.
Агар неругоҳи Себзор ба воситаи фонди Оқохон ва Помирэнержӣ, ки қисмате аз саҳоми он аз фонди Оқохон аст ва эълон шавад, ки ин неругоҳ бо пули Олмон сохта мешавад пас мегӯянд Раҳмон дар куҷои кор аст? Аз ин рӯ вақте иҷозат дода ва қабул мешавад, ки ба номи Раҳмон сабт шавад. Ин аст, ки Раҳмон ҳатто монеи сохтани неругоҳи барқӣ-обии Себзор дар Тоҷикистон мешуд. Ҳамчунин пеши сабти байналмилалӣ шудани фурудгоҳи Хоруғро ҳам мегирифт. Агар ин фурудгоҳ сабти байналмилалӣ бишавад ва аз Душанбе, Пекин, Кобул ва ҷойҳои дигар ба ин минтақаи Тоҷикистон парвоз шавад чӣ бадӣ дорад? Вақте Оқохон онро обод кард як гӯшаи Тоҷикистон обод мешавад. Оқохон ғайр аз Бадахшони Тоҷикистон дар тамоми дунё фаъолият дорад, аммо дар чанд соли ахир фаъолияташ дар Тоҷикистон бо мушкилоте рӯбарӯ шуд, чун Раҳмон монеи иҷрои тарҳҳои он мешуд. Баъд аз намояндаи Фонди Оқохон шудани Қозидавлат Қоимдодов, ки худ қиссаи муфассал дорад ва инҷо намехоҳам онро баён кунам ва истифода аз нуфузи ӯ дар баданаи ҳукумат, чун ӯ муддате муовини нахуствазир ва сафир кор карда буд, албатта баъзе муттаҳимиҳое, ки назди мақомоти болоӣ дорад мисли ба даст афтодани баъзе аз аъзои хонаводааш бо қочоқи маводи мухаддир дар давраи сафораташ вазъият каме тағйир кард ва ӯ барои амалӣ шудани тарҳҳои Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон аз Оқохон хоҳиш кард, ки сафари Раҳмон ба Аврупо ба хусус Фаронсаро ҳамоҳанг кунад. Ҳамчун афроде барои мақомот на танҳо дар ниҳодҳои суннӣ, балки дар ин гуна бунёдҳо ҳам лозим аст, ки қиссаи худро дорад. Оқохон ҳам аз обрӯ ва ҷойгоҳе, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ва назди президентҳои ҷаҳон дорад ва воқеан онро бо заҳмату талош ва шахсияташ ба даст овардааст истифода кард ва заминаи сафарро омода кард ва ба назарам кори хубе шуд ва ба нафъи миллати тоҷик хоҳад буд. Яке аз барномаҳои Раҳмон дар ин сафар ҳам ширкат дар форуми Сулҳи Порис буд, ки яке аз муассисон ва созмондиҳандагони аслии ин форум Бунёди Оқохон аст. Инро гуфтам то мардум бидонанд, ки ин сафар чигуна омода шуд ва ин ба маънои он нест, ки дар Аврупо ҳама муштоқи мулоқот бо диктаторҳо ҳастанд.

Имрӯз ҳамаи дилсӯзони миллату кишвар барои мубориза бо худкомагон бояд муттаҳид шаванд!

АврупоМуҳиддин КабирӣОқохонПМТТоҷикистонУзбекистонФаронсаҲНИТҳодисаи шашуми ноябрШветсария
Comments (0)
Add Comment