Нишасти вижаи утоқҳои саноеъ ва бозаргонии Тоҷикистон ва Англия

Бо талоши сафорати Тоҷикистон дар Лондон ва бо ҳамкории утоқҳои саноеъ ва бозаргонии ду кишвар як нишасти вижа баргузор шуд.

Ҳадаф аз ин нишаст муаррифии зарфиятҳои сармоягузории Тоҷикистон ва ҷазби сармоя ба иқтисоди ин кишвар унвон шудааст.

Дар ин нишаст ба ширкаткунандагони он иттилооти комиле дар мавриди асноди ҳуқуқӣ, системаи молиётӣ, мазоёи вижа барои сармоягузорон ва вазъияти тиҷорат дар Тоҷикистон ироа шуд.

Масъуд Халифазода, сафири Тоҷикистон дар Англия дар ин маросим дар мавриди зарфиятҳои сармоягузорӣ, потенсиали барқи обӣ, саноеъ, маъдан ва кишоварзии ин кишвар сӯҳбат кард.

АнглияТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment