Мардум дигар ба мақомоти дурӯғгӯ бовар надоранд!

Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ раҳбари ҲНИТ ва ПМТ дар барномаи шабакаи ПМТ (13/11/2019) дар бораи ҳодисаи мудҳиши куштори минтақаи марзии Тоҷикистону Узбекистон сӯҳбат кард.

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
Саломун алайкум, ҳамдиёрони азиз ва рӯзатон ба хайр!
Сӯҳбатҳои ман дар ин барнома дар бораи ҳодисаи мудҳише аст, ки рӯзи шашуми ноябр дар марзи Тоҷикистону Узбекистон рух дод ва мардуми кишварро нороҳат ва нигарон кард.
Пеш аз ҳама ба ҳамаи хонаводаи қурбониёни ин ҳодиса таслияту таъзият ва ҳамдардии худ, аъзову ҳаводорони ПМТ ва ҳамаи муҳоҷиронро баён мекунам ва барои фавтидаҳо ҷаннат ва барои бозмондагони онҳо сабри ҷамил аз Худои Мутаол хоҳонам.
Ҳамдиёрони азиз, ҳодисаи рӯзи шашуми ноябр ҳодисаи оддӣ нест ва сӯҳбат дар бораи он ва таъйид ё такзиби фарзияҳое, ки дар бораи он вуҷуд дорад осон нест, вале ин ҳодиса баёнгари воқеиятҳое аст, ки дар кишвари мо рух медиҳад ва ҳар фарди огоҳ ба хусус неруҳои масъулиятшинос ва созандаи кишвар хоҳ-нохоҳ бояд нисбати ин ҳодиса мавқеъгирӣ кунанд ва нуқтаи назари худро дошта бошанд ва бо мардум сӯҳбат кунанд ва савол бигузоранд ва ҷавобҳои худро пайдо намоянд. ПМТ ҳам нисбати ҳаводиси кишвар бетараф нест, аз ин рӯ ҷаласаи шӯрои раҳбарии ПМТ баргузор шуд ва дар бораи тамоми паҳлуҳои ин ҳодиса, ки то имрӯз маълум ҳастанд баҳсу баррасӣ шуд ва қарор шуд, ки мавқеи ПМТ нисбати ин ҳодиса дар ин барнома баён шавад.
Ҳамватанони азиз, то имрӯз аксарияти фарзияҳо ва маълумоте, ки мо дар бораи ҳодисаи рӯзи шашуми ноябр дорем бар асоси ҳадсу гумон ва дар чорчуби маҳдуди маълумотҳое аст, ки як қисмашро мақомоти давлатӣ ва қисми дигарашро расонаҳои мустақил бо чӣ заҳмату талош дастрас мекунанд ва дар ихтиёри умум мегузоранд. То ин лаҳза чанд фарзия вуҷуд дорад, ки асосиаш ҳамон фарзияи мақомоти давлатӣ аст, ки гӯё дастае аз неруҳои ДИИШ шаби сеюми ноябр аз марзи Афғонистон гузаштанд ва шаби шашуми ноябр он кушторро анҷом доданд. Фарзияҳои дигаре ҳам ҳаст, ки гуруҳи аввал бархе аз фарзияи мақомотро исбот ва бархеро инкор мекунанд ва гуруҳи дувум тамоми фарзияи мақомотро инкор мекунанд ва иддао доранд, ки фарзияи онҳо дурусттар аст.
Чаро шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати ин ҳодиса дар ҳоли ҳадсу гумон аст?
Як ҳафта аз он ҳодиса мегузарад ва ҷомеа мунтазири ҷавоб аст ва мехоҳад бидонад, ки чӣ шуд, чаро ва чигуна шуд ва чӣ касе масъул аст ва чӣ бояд кард то дар оянда чунин ҳодиса рух надиҳад. Аммо мақомоти давлатӣ мисли ҳамеша на танҳо хомӯшанд, балки бо дурӯғӯӣ ва додани маълумоти нодуруст вазъро печидатар ва зеҳнҳоро нигаронтар мекунанд ва боиси ба вуҷуд омадани фарзияҳои нав мешаванд ва мардум ҳам маҷбур мешаванд, ки барои фаҳмидани воқеиятҳо ба манбаъҳо ва фарзияҳое такя кунанд, ки қисме аз онҳо дур аз воқеият ва нодуруст бошанд. Дар эҷоди ин фазои ошуфта ва нигаронкунанда мардум, коршиносон ва мардум айб надоранд ва ягона айбдор мақомоти давлатӣ ҳастанд, ки ҷомеаро аз маълумоҳои дуруст маҳрум кардаанд. Маълумотҳоро пинҳон медоранд. Маълум нест чаро ин корро мекунанд, вале аниқ ин аст, ки то ин лаҳза мақомот дурӯғ гуфтаанд.
Мушкил ва мусибати мақомоти давлатии Тоҷикистон ин аст, ки эътимоди мардум, коришиносон ва созмонҳои ҷаҳониро аз даст додаанд ва табиӣ аст, ки эътимоди опозитсияро кайҳо аз даст додаанд, аммо эътимоди касонеро, ки то дирӯз дар канори мақомот ва тарафдори ҳукумат буданд ҳам аз даст медиҳанд. Ин беэътимодӣ нисбат ба мақомот ва ҳукумат ба далели ин аст, ки мақомот на танҳо дар мавриди ҳодисаи мудҳиши рӯзи шашуми ноябр, балки нисбати ҳамаи ҳаводиси кишвар ва баҳо додан ба он аз оғози фаъолияташон дурӯғ гуфтаанд ва ҳақиқатҳоро таҳриф ва дигаргун кардааст ва мардум ҳам одат ва бовар кардаанд, ки ин ҳукумат дурӯғ мегӯяд. Ҳатто агар рӯзе ҳукумат воқеият ва рост бигӯяд ҳам мутаассифона мардум дигар бовар нахоҳанд кард, зеро собиқаи ҳукумат пур аз дурӯғ гуфтан аст. Дар ҳодисаи хунини Хорӯғ ҳукумат ба мардум дурӯғ гуфт ва ҳатто кор ба ҷое расид, ки гуфта шуд далели қатъ шудани интернет ин буда, ки кадом шикорчие ба симҳои интернет тир паронда ва онро вайрон кардааст, дар сурате ки ҳама медонанд, ки дигар интернет мисли қадим аз тариқи сим нест, балки аз тариқи спутник ва шабакҳои дигар барқарор мешавад. Дар бораи куштани Мирзо Зиё фарзияеро гуфт, ки баъдан маълум шуд, ки ҳукумат чӣ дурӯғе гуфта ва дар мавриди ӯ чӣ ҷиноятҳое кардааст. Ҳукумат дар бораи ҳаводиси водии Қаротегин ва Рашт ва куштани Алии Бедакӣ фарзия ва ривояте изҳор кард, ки баъд наворҳое нашр ва маълум шуд, ки чӣ ҷиноятҳое содир кардаанд ва воқеият комилан чизи дигар будааст. Ҳодисаҳои марбут ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар пеши чашми мардум сурат гирифт ва миллат диданд, ки ҳукумат чӣ қадар бар ҲНИТ фишор овард ва ошкор гуфт, ки ҲНИТ-ро мебандем ва ҳамаро барои ин кор омода карданд, вале баъд ба баҳонаи ҳодисаи моҳи сентябри 2015 гуфт, ки ҲНИТ мехост табаддулот кунад ва ба ҳамин сабаб ҲНИТ мамнӯъ эълон шуд. Дар ҳодисае, ки дар Данғара рух дод билофосила ҳукумат ҲНИТ-ро айбдор карданд, ки касе ба он бовар накард ва мақомот ҳам шарм медоранд, ки ин иттиҳомро бори дигар такрор кунанд. Ин силсила дурӯғгӯиҳо ва таҳрифкориҳои ҳукумат боис шуд, ки мардум ба ин бовар бирасад, ки ҳукумате, ки бо дурӯғ сари кор омад ва тамоми вуҷудаш дурӯғ аст чуз дурӯғ чизи дигаре гуфта наметавонад.
Диққат кунед, ҳатто дар ҷое, ки рост гуфтан ба нафъи ҳукумат аст ва бояд рост гӯяд боз суроғи дурӯғ меравад. Мақомот дар бораи ҳодисаи шашуми ноябр чандин дурӯғи пайдарпай гуфтанд, ки ҳам худро шарманда карданд ва ҳам боиси пайдоиши даҳҳо фарзияи зиддунақиз ва нигаронии шаҳрвандон шуданд. Чӣ зарурате буд, ки чунин дурӯғ гӯянд? Агар ҳукумат эътироф мекард, ки 6 сарҳадбон ё мақомот дар ин ҳодиса кушта шуданд чӣ зарар дошт? Чаро як нафар гуфтанд? Агар 6 ё 20 нафар кушта шуданд ҳамонро мегуфтанд ва ҷомеа ҳам медонист чӣ зарар дошт? Мақомот гуфтанд, ки ҳамаи афроди ин гурӯҳ дар як шаб аз марзи Афғонистон ба Тоҷикистон гузаштанд, дар ҳоле ки баъд маълум шуд, ки ба ҳар далел бархе аз он гурӯҳ дар дохили кишвар буданд. Чаро бояд теъдоде аксҳои сохташударо дар расонаҳо нашр кунанд, ки бо хабар созгор нестанд мисли ин ки ҳодиса дар соати сеи шаб рух дода, вале аксҳо дар рӯзи равшан гирифта шудаанд ва ин шабурӯз ҳаво соати ҳафт равшан мешавад ва аз соати се то ҳафт 4 соат фосила аст, кушташудаҳо бо дасти баста ҳастанд ё занони кушташуда, ки пойафзоли хонапушӣ доранд ва балоне, ки болои мошини бебағоҷдон баъд аз тайи сад километр дар роҳҳои ноҳамвор наафтодааст ва саволҳои дигаре, ки вуҷуд дорад. Аз ҳама муҳимтар ин ки чаро баъд аз муддате ин аксҳоро пок карданд ва аз расонаҳо бардоштанд. Агар онҳоро ба унвони далелҳои ин ҳодиса гузоштед чаро бардоштед ва аз нав фотошоп кардед? Вақте ин ҳама дурӯғ мегӯянд ва мардумро фиреб медиҳанд боз нороҳат мешаванд, ки чаро мардум ба фарзияи мо бовар намекунад. Шумо аз худатон нороҳат шавед, чун ҳамааш дурӯғ гуфтед ва борҳо дурӯғи шуморо мардум диданду фаҳмиданд онгоҳ интизор доред, ки мардум ба фарзияи шумо бовар кунанд. Табиӣ аст, ки мардум ба шумо бовар намекунад. Аслан шумо масъулияти худро фаромӯш кардаед, чун аввалин кори мақомот дар ҷаҳон дар сурати рух додани ҳаводис махсусан агар террористӣ бошад ин аст, ки маълумоти аввалия ва воқеиро ба мардум медиҳанд чун худро ходими мардум медонанд. Медонанд, ки мардум онҳоро барои панҷ сол иҷора гирифтааст ва ба онҳо мақому маош ва имконоту силоҳ додаанд то амниятро таъмин кунанд ва агар ҳодисае рух дод бояд ба мардум ҳақиқатро бигӯянд то мардум бидонад, ки дар ин ҳолат чӣ кор кунад. Мақомоти давлатӣ бояд бидонед, ки шумо хидматкор ва муздури мардум ҳастед, чун музди шумо аз ҳисоби мардум аст пас чаро ба мардум дурӯғ мегӯед ва ҳақиқатро аз онҳо пинҳон мекунед? Магар дар Фаронса ё Олмон ё дигар минтақаи ҷаҳон ҳодисаи террористӣ рух намедиҳад? Аммо дар аввалин фурсат прокрор ва пулис аввалин маълумотро дар бораи теъдоди кушташудаҳо, иллати куштор ва ҳувияти қотилу мақтул ба мардум медиҳад. Шумо аз чӣ метарсед ва чаро пинҳон мекунед? Мушкили аслии шумо ин аст, ки ба дурӯғгӯӣ одат кардаед ва аз гуфтани ҳақиқат метарсед! Албатта бидонед, ки бо ин кор мардумро ба гумроҳӣ мебаред ва дарди сари худро бештар мекунед! Пас дар пайдоиши фарзияҳои гуногун шумо айбдор ҳастед!

Алии БедакӣАфғонистонДИИШМирзо ЗиёПМТРаштТоҷикистонУзбекистонХоруғҲизби Наҳзати Исломии ТоҷикистонҲНИТ
Comments (0)
Add Comment