Сарқонуни ҶТ: Ҳукумат (5)

Ба муносибати солрӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводди он ошно шавед.

Шаҳрвандони кишвар номи Сарқонун ва табрики рӯзи онро мебинанд ва мешунванд ва матолибе дар ҳамин ҳад мехонанд. Мақомот онҳоро ба шукронаи чунин сурқонуне даъват мекунад ва онро дастоварди бузурге меҳисобанд, аммо ончи муҳим аст огоҳии мардум аз маводди сарқонун ва иҷрои дақиқи он аст то зиндагии онҳо бо назму субот шавад ва ҳуқуқу озодиҳои онон таъмин гардад, ки мутаассифона инчунин нест. Ба баҳонаи солрӯзи қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон маводди онро пешкаши хонандагони мӯҳтарам мекунем то якбор ба он ошно шуда дар он диққат намоянд. Ҳаққи ҳамаи шаҳрвандони кишвар аст ки аз масъулони худ пойбандӣ ба қонун ва иҷрои онро бихоҳанд ва ҳуқуқи худро дар чорчӯби Сарқонун талаб кунанд. Умедворем мардуми азиз кишвар ба ин марҳила бирасад.

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ боб дошта ва муштамили 100 модда аст, ки боби панҷуми он дар бораи “Ҳукумат” мебошад, ки моддаи 73 то 75-ро дар бар мегирад.

Боби панҷум

Ҳукумат

Моддаи 73. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовини якӯм ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлати иборат аст.
Ҳукумат роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисоди, иҷтимоӣ, фарҳанги ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад.
Аъзои Ҳукумат наметавонанд вазифаи дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намояндаги бошанд, ба соҳибкори машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷоди ва омузгори.

Моддаи 74. Ҳукумат мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ қарор мебарорад ва фармоиш медиҳад, ки иҷрои онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳатмист.
Ҳукумат ваколаташро дар назди Президенти навинтихобшуда вомегузорад.
Ҳукумат дар мавриди ғайри имкон донистани иҷрои фаъолияти мӯътадили худ метавонад ба Президент аз хусуси истеъфо арз намояд. Ҳар як узви Ҳукумат ҳуқуқи истеъфо дорад.
Тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти Ҳукуматро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Моддаи 75. Ҳукумат барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаи андозаи имконпазири қасри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

 

Сарқонуни ТоҷикистонТоҷикистонҳукумат
Comments (0)
Add Comment