Ваҳдат рамзи қудрати ҷаҳони ислом аст

Иззат Рашақ, узви Ҳамос, дар 33-юмин конфронси байналмилали “ваҳдати исломӣ” таъкид кард: рамзи қудрати ҷаҳони Ислом дар ваҳдат аст ва ҳама бояд дар ин ҷиҳат якпорча ҳаракат кунем.”

Иззат Рашақ, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, дар ифтитоҳияи конфронси байналмилалии “ваҳдати исломӣ дар саҳни иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон аз мардум ва раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хотири истодагӣ бо мардуми мазлуми Фаластин ва ҳимоят аз Масҷидулақсо қадрдонӣ кард.

Вай гуфт: ҷунбиши Ҳамос такягоҳи муқовамати Фаластин аст ва ин ҷунбиш аз кишварҳои исломӣ ва арабӣ ҳомии муқовамат ба вежа Ҷумҳурии Исломии Эрон қадрдонӣ мекунад. Рамзи қудрати ҷаҳони Ислом дар ваҳдат аст ва ҳама бояд дар ин ҷиҳат якпорча ҳаракат кунем.”

Узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос тасреҳ кард: Эрон бо вуҷуди ҳамаи фишорҳои таҷовузгарон ва мустабидон ба ормонҳои исломӣ пойбанд буда ва лаҳзае аз ин ормонҳо даст накашидааст.

Вай идома дод: ба фармудаи Имом Хумайнӣ, Исроил ғуддаи саратонӣ аст ва бояд решакан шавад. Ба гуфтаи имом Хоманаӣ, Ҳамос дар қалби Фаластин қарор дорад ҳамонгуна, ки Фаластин дар қалби ҷаҳони Ислом қарор гирифтааст ва ин баёнгари истодагӣ ва пойбандии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба масъалаи Фаластин аст.

Иззат Рашақ таҳримҳои Амрико алайҳи Эронро маҳкум карда ва онро мазлумона тавсиф кард. Вай ҳамчунин гуфт: мо ҳеҷгуна тақсими ҷуғрофиёии Масҷидулақсоро намепазирем.

Узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос бо ибрози таассуф аз ҳамроҳии бархе кишварҳои арабӣ бо муомилаи қарн, ин тарҳро тавтеаи саҳюнистӣ-амрикоӣ донист ва гуфт: ин тавтеа барои саркӯби миллати Фаластин ва нодида гирифтани ҳаққи бозгашт фаластиниён ба сарзамини модариашон, оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ, ҳидоят кардан душманиҳо ба сӯи Эрон ва тарсими нақшаи ҷуғрофиёии ҷадид тарроҳӣ шудааст.

Иззат Рашақ бо баёни инки муомилаи қарн чӣ эъломи умумӣ бишавад ва чӣ нашавад ва чӣ ба таъхир андохта шавад ё ба зудӣ даст ба иҷрои он зада шавад аз сӯи мардуми муқовими Фаластин радшуда аст, таъкид кард: режими саҳюнистӣ ҳеҷвақт бахше аз минтақа нест ва сабаби буҳрон дар он аст ва ҷиноятҳо ва таҷовузҳои ин режим рӯз ба рӯз бештар мешавад.

Вай бо пардохтан ба инки режими саҳюнистӣ аз ҳамеша заифтар шуда ва дар оянда вуҷуд нахоҳад дошт, гуфт: Исроил душмани муштараки мусулмонон аст ва мо аз тамомии кишварҳои мусулмон даъват мекунем, бо фармондеҳии муштараки исломӣ дар роҳи ташкили давлат бо тамомияти сарзамини Фаластин ба пойтахтии Қудси Шариф иқдом кунанд.

Қайд карда мешавад, ки Сиюсеввумин Конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ” бо меҳварияти “ваҳдати уммат дар дифоъ аз Масҷидуалоқсо” субҳи имрӯз 14-уми ноябр бо суханронии Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷмҳури Эрон дар саҳни иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон оғоз ба кор кард.

ваҳдати исломӣИззат РашақҚудсМасҷидулақсо
Comments (0)
Add Comment