Сарқонуни ҶТ: Маҷлиси Олӣ (3)

Ба муносибаи солрӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводди он ошно шавед.

Шаҳрвандони кишвар номи Сарқонун ва табрики рӯзи онро мебинанд ва мешунванд ва матолибе дар ҳамин ҳад мехонанд. Мақомот онҳоро ба шукронаи чунин сурқонуне даъват мекунад ва онро дастоварди бузурге меҳисобанд, аммо ончи муҳим аст огоҳии мардум аз маводди сарқонун ва иҷрои дақиқи он аст то зиндагии онҳо бо назму субот шавад ва ҳуқуқу озодиҳои онон таъмин гардад, ки мутаассифона инчунин нест. Ба баҳонаи солрӯзи қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон маводди онро пешкаши хонандагони мӯҳтарам мекунем то якбор ба он ошно шуда дар он диққат намоянд. Ҳаққи ҳамаи шаҳрвандони кишвар аст ки аз масъулони худ пойбандӣ ба қонун ва иҷрои онро бихоҳанд ва ҳуқуқи худро дар чорчӯби Сарқонун талаб кунанд. Умедворем мардуми азиз кишвар ба ин марҳила бирасад.

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ боб дошта ва муштамили 100 модда аст, ки боби севуми он дар бораи “Маҷлиси олӣ” мебошад, ки моддаи 48 то 63-ро дар бар мегирад.

Боби севум:

Маҷлиси олӣ

Моддаи 48. Маҷлиси Олӣ-парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.
Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Моддаи 49. Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳони сурат мегирад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касби мебошад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 25 кам набошад ва дорои таҳсилоти олӣ бошад, метавонад вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад.
Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳони интихоб мегардад. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд.
Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.
Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъвати мебошад.
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад ва дорои таҳсилоти олӣ бошад, метавонад узви Маҷлиси миллӣ интихоб ё таъин шавад.
Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳақ даст накашад.
Қонуни конститутсионӣ шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоби онҳо, тартиби интихоб нашудан ва мувофиқ набудани ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро танзим мекунад.

Моддаи 50. Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарби ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионӣ муайян кардааст, наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд.
Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад. Узви Маҷлиси миллӣ наметавонад вакили зиёда аз ду мақоми намояндаги бошад.
Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Моддаи 51. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳақ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазири дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷои содири ҷиноят. Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунон мавриди кофтукови шахси қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.
Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ, тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад.
Вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Моддаи 52. Иҷлосияи якӯми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро дар давоми як моҳи баъди интихоби онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад.
Иҷлосияи якӯми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро узв ва вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раисони ин Маҷлисҳо онро мебарад.
Фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи Маҷлиси милли соле на камтар аз чор бор аз тарафи Раиси Маҷлиси миллӣ даъват карда мешавад.
Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рӯзи аввали кории моҳи октябр то рӯзи охирини кории моҳи июн гузаронида мешавад.
Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии онҳоро даъват менамояд. Дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое барраси мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гаштаанд.

Моддаи 53. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз байни аъзо ва вакилон раисони Маҷлисҳо, муовинони якӯм ва муовинони онҳоро интихоб менамоянд. Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо интихоб мешаванд. Тартиби интихоби муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагонро Дастури Маҷлисҳо танзим мекунад.
Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар назди Маҷлиси дахлдор ҳисоботдиҳанда мебошанд ва онҳо метавонанд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилон бозхонда шаванд.
Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, муовинони якӯм ва муовинони онҳо ба иҷлосия роҳбари мекунанд ва дигар масъалаҳои дахлдорро ҳал менамоянд.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мақомоти ҳамоҳангсозанда ва кории худро мустақилона ташкил медиҳанд, инчунин кумита ва комиссияҳои дахлдорро таъсис менамоянд ва аз рӯи масъалаҳои ба Маҷлисҳо тааллуқдошта муҳокимаҳои парламенти доир мекунанд.
Мақомоти ҳамоҳангсозандаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидаги ҷаласа мегузаронанд.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Дастури фаъолияти худро қабул мекунанд.

Моддаи 54. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон алоҳида ҷаласа мегузаронанд.
Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳамон вақт гузаронида мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо ҳузур дошта бошанд. Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ва Дастури Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мумкин аст ҷаласаи пӯшида гузаронида шавад.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Конститутсия ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд.

Моддаи 55. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя:
1. Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;
2. Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷори намудани Ҳолати ҷанги ва вазъияти фавқулодда;
3. Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;
4. Таъини интихоботи Президент;
5. Қабули истеъфои Президент;
6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ;
7. Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ аз рӯи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташон қарор қабул мекунанд. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидаги овоз медиҳанд, қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.
Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохили ва хоричии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

Моддаи 56. Салоҳияти Маҷлиси милли:
1. Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва тағйири онҳо;
2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсиони, Суди Оли ва Суди Олии иқтисоди бо пешниҳоди Президент;
3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
4. Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ;
5. Амалӣ намудани ваколатҳои днгаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Маҷлиси миллӣ аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор кабул мекунад. Қарори Маҷлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои он қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Моддаи 57. Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:
1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъияти;
3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
6. Таъини раъйпурсӣ;
7. Таъсиси судҳо;
8. Тасдиқи рамзхон давлатӣ;
9. Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
10. Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъии ва озод намудани раиси Бонки милли ва муовннони ӯ;
11. Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;
12. Муайян намудани маоши Президент;
13. Амали намудани ваколатҳои дигаре, ки Констнтутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад.
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хориҷи метавонанд суханрони кунанд.

Моддаи 58. Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.

Моддаи 59. Лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд.
Лоиҳаи қонун дар бораи авф аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.
Лоиҳаи қонун дар бораи буҷет, оид ба муқаррар кардан ва бекор кардани андозҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

Моддаи 60. Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул менамояд. Қонун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигарро Конститутсия муқаррар накарда бошад.
Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷети давлати ва авф.
Маҷлиси милли қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдори мекунад. Дар мавриди дастгири наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қонун такроран дар Маҷлиси намояндагон барраси мешавад.
Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норози будани Маҷлиси намояндагон, қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.
Қонунҳо дар бораи буҷети давлати ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад.

Моддаи 61. Қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдори мекунад.
Дар сурати бо Қарори Маҷлиси миллӣ норози будани Маҷлиси намояндагон, қонуни конститутсиони ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.
Тафсири Конститутсияро Маҷлиси Олӣ тибқи тартиби мазкур барраси намуда, дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул менамояд.
Моддаи 62. Қонунҳо барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Агар Президент ба Қонун ё қисми он рози набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрори қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгири ёбад. Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.
Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидашуда, ки онро пештар Маҷлиси намояндагон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намуда буд, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон онро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдори мекунанд.
Агар Президент қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрори қонуни конститутсионӣ дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад. Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Моддаи 63. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон метавонанд пеш аз мӯҳлат дар ҷаласаи якҷояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ихтиёран пароканда шаванд.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулодда ва ҳолати ҷангӣ пароканда намешаванд.

 

Маҷлиси ОлӣСарқонуни ТоҷикистонТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment