Президент қарздори миллат аст!

Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ раҳбари ҲНИТ ва ПМТ дар барномаи шабакаи ПМТ (1/10/2019) ба саволҳои бинандагони барнома посух гуфт.

Абдусаттор Бобоев муҷрии шабакаи ПМТ: Ба назари шумо таъсири фаъолияти опозитсия дар хориҷ ба кишвари мо чигуна буд ва имрӯз читавр аст?(Умар)
Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ: Ман фикр мекунам, ки фаъолияти опозитсияи тоҷик дар хориҷ бар дохили кишвар хеле таъсир дорад. агар таъсир намедошт ҳукумат шабакаҳои интернетӣ мисли фейсбук, ютюбро масдуд намекард ва суръати интернетро поин намеовард ва талош намекард, ки нархи интернетро боло барад ва ҳазорон мақолаву навиштаҳои таҳлилии росту дурӯғро, зидди опозитсия ба сурати шабонарӯзӣ дар шабакаҳо ва расонаҳо нашр намекарданд. Ин нишон медиҳад, ки фаъолияти опозитсия дар дохили кишвар таъсир дорад ва мухотабон паёмҳои опозитсияро мехонанду мешунаванд ва мебинанд ва рӯз ба рӯз ин таъсир бештар шуда истодааст. Шумо бинандагон ва пайгирикунандагони фаъолияти шабакаӣ ва сӯҳбатҳои фаъолони дар хориҷ бударо бо шабакаҳо ва сӯҳбату маводи тарафдорони ҳукумат муқоиса кунед мебинед, ки фарқ аз замин то осмон аст. Ин ба маънои афзоиши рӯз ба рӯзи таъсири фаъолиятҳои опозитсияи тоҷик аст. Вақтҳои ахир ҳаяҷону нафрате, ки дар гуфтору навиштор ва гуфтмони мақомот ва тарафдони онҳо нисбати опозитсия мушоҳида мешавад нишон медиҳад, ки хеле таҳти фишор қарор гирифтаанд ва бовар дорам, ки дар ояндаи наздик тағйироти ҷиддиеро дар фазои иттилоотӣ ва расонаии кишвар ва берун аз он шоҳид хоҳед буд.
Муҳйиддини Кабирӣ агар мард ва ҳақиқатхоҳ бошӣ аз хидматҳои пешвои миллат таъриф кун ва илтимос дигар байни мардум ҷанг наяндоз. (Баҳодури Абдуллоҳ)
Мутмаин бошед, ки мо инқадар шуҷоат ва ҷавонмардӣ дорем, ки хубу бадро ошкор бигӯем. Хидматҳоеро, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президент кард пинҳон нест ва розӣ шудан ба сулҳ, ки чӣ аз тарафи марҳум устод Нурӣ ё Русия буд ё каси дигар буд, мусбат аст ва инро ҳамеша таъкид кардаем ва хоҳем кард, аммо ин ба маънои чашмпӯшӣ аз ҷиноятҳояш нест. Агар хидматҳояшро мегӯем, ки масъулияташ буд ва ҳамчун президент барои корҳои хубаш аз миллат маош мегирад ва ҷои кору зиндагӣ ва имконоти зиёд гирифтааст ва дар як давлат ва миллати қашшоқ болотарин шароит ва маошро дар миёни президентҳо дорад ва вазифа дорад ва онро бояд анҷом диҳад, аммо дар баробари ин қонуншиканӣ, рафторҳои бад ва ҷиноятҳои зиёде ҳам кардааст, ки бояд онҳо ҳам гуфта шаванд. Бинобар ин бародари азиз, мутамин бошед, ки мо ҳам хубиҳо ва бадиҳоро хоҳем гуфт. Имрӯз чун дар шароите ҳастем, ки дар дохили кишвар ҳеҷ кас ё намехоҳад ё наметавонад аз камбудиҳо бигӯяд ва шабонарӯзӣ телевизиону радио ва ҳамаи расонаҳо дар гуфтани хубиҳо муболиға мекунанд, дурӯғ мегӯянд, тамоми хидматҳои давлату миллат ва ҳазорон мансабдорро ба як шахс нисбат медиҳанд иҷозат диҳед ва таҳаммул кунед, ки як нафар ё як гурӯҳе аз камбудиҳо ҳам бигӯянд ва ин сиёҳ кардан ва нодида гирифтани хидматҳо нест, балки барои эҷоди тавозун ва баёни назари алтернативӣ аст. Боварӣ дошта бошед, ки мо ҷасорат ва шаҳомати гуфтани хубиҳоро ҳам дорем.

КабирӣПМТТоҷикистонҲНИТ
Comments (0)
Add Comment