Раҳмон зулму аҳдшикании худро исбот кард!

Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ раҳбари ҲНИТ ва ПМТ дар барномаи шабакаи ПМТ (1/10/2019) ба саволҳои бинандагони барнома посух гуфт.

 Абдусаттор Бобоев муҷрии шабакаи ПМТ: (Таҳдид карданд, ки) агар шумо бо Раҳмон сулҳ кунед ман худам шуморо мекушам. (Масъуд Аҳмадшоҳ)
Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ: Бародари азиз, Аҳмадшоҳ агар шумо воқеан шумо худро сазовор ба исми Аҳмадшоҳи Масъуд медонед беҳтар аст, ки аз ингуна таҳдидҳо худдорӣ кунед. Албатта шояд ҳадафи шумо расондани ин паём аст, ки ман бо Раҳмон сулҳу гуфтушунид накунам. Ман талош мекунам, ки чунин баҳонае ба шумо надиҳам ва ман бовар дорам, ки дар нияти қалбии шумо ин чиз нест. Шумо мутмаин бошед, ки кор сурат нахоҳад гирифт ва Раҳмон бо аҳдшиканӣ ва зулм нишон дод, ки аҳли сулҳу музокира нест ва имрӯз рафтори ӯ нишон медиҳад, ки ӯ хоҳони сулҳу гуфтушунид ё ороми кишвар ва минтақа нест, аммо ин ба маънои он нест, ки ПМТ ва шахсан худи ман ҷонибдори сулҳу созиш ва гуфтушунид набошем, балки баръакс ман фикр мекунам, ки кореро, ки бо сулҳу гуфтушунид мешавад кард чаро бо бархурд ва равишҳои дигар анҷом диҳем? Аммо гуфтушунид ва музокира бо чӣ касе? Ҳатман бо хоин имкон надорад, аммо набояд ҳамаи баданаи ҳокимият ва ҳатто худи дохили хонаводаро ҷузъи ин хиёнаткорон донист. Албатта онҳо ҳам дар ҳадде дар ҷиноятҳо ва хиёнатҳо шарик ҳастанд, аммо мутамин бошед, ки маълумот ва паёмҳое дорем, ки нишон медиҳад аксарияти масъулон ва мақомоти имрӯзаи Тоҷикистон аз вазъияти имрӯза розӣ нестанд. ман бовар дорам, ки ҳатто насли ҷавони хонавода ҳам розӣ ба ин рафтору равишҳо нестанд, чун онҳо мехоҳанд дар Тоҷикистони пешрафта ва муосир зиндагӣ кунанд ва аз боигарие, ки аз роҳи дуздӣ, тақаллуб ва ришва ҷамъ кардаанд истифода кунанд ва тамоман тафаккури дигар доранд. Бо касоне, ки воқеан мехоҳанд худро ислоҳ ва ҷиноятҳои худро ҷуброн кунанд ва хоҳони Тоҷикистон беҳтар ҳастанд ва бо қудрату ҷавонмардона онро эътироф мекунад имкони гуфтугӯ ҳаст ва мо набояд тамоми роҳҳоро бибандем, аммо мутмаин бошед, ки дигар бо шахси Раҳмонов бинобар далелҳое, ки гуфтаам ҳеҷ имкони гуфтушунид нест. Ин шоа Аллоҳ мо ҳам ба шумо баҳонаи чунин кореро нахоҳем дод.

КабирӣПМТТоҷикистонҲНИТЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment