Вокуниши раҳбари ҶИЭ ба ҳаводиси ахири Ироқ ва Лубнон

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба эътирозҳои ахири мардуми Ироқ ва Лубнон гуфт, ки мардум талаботӣ ба ҳаққе доранд; Ин талабот дар чорчуби сохторҳои қонунӣ қобили таҳаққуқ ва мумкин аст.

РаҳбариҶумҳурии Исломии Эрон гуфтанд: Дилсӯзони Ироқ ва Лубнон бидонанд, авлавияти аслии онон илоҷи ноамнӣ аст ва мардуми ин кишварҳо низ бидонанд, мутолибот ба ҳаққи онҳо фақат дар чорчӯби сохторҳои қонунӣ қобили таъмин аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи чоршанбе дар ҳабдаҳумин маросими муштараки донишомӯхтагӣ ва тахлифи донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар Донишгоҳи падофанди ҳавоии Хотамуланбиё (с) афзуданд: Омили хабосатҳо ва кинаварзиҳои хатарнок шинохташуда ҳастанд ва дар пушти ин қазияҳо Амрико ва сервисҳои иттилоотии ғарбӣ бо пуштивонаи пулии бархе кишварҳои минтақа қарор доранд. Оятуллоҳ Хоманаӣ бузургтарин латма ба як кишварро салби амнияти он донистанд ва тасреҳ карданд:

Душманон чунин фикрҳоеро барои Эрон ҳам доштанд, аммо миллат ҳушёрона ва бамавқеъ ба майдон омад ва нерӯҳои мусаллаҳ низ омода буданд ва он тавтиа хунсо шуд. Раҳбари ҶИЭ ба бархе аз ҷиноятҳои артишҳои Англия, Фаронса ва Амрико дар сад соли ахир дар шибҳи қораи Ҳинд, шарқ ва ғарби Осиё ва шимолу маркази Африқо ишора карданд ва афзуданд: Масъулияти аслии артишҳои қудратҳои истикбории таҷовуз, ғасб ва зарба задан ба кишварҳои дигар аст, аммо дар фалсафа ва мантиқи нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон зимни он, ки дифоъ дар ҷои худ муҳкам ва қудратмандона қарор дорад, аммо таҷовуз абадан ҷойгоҳе надорад.

Сайид Алӣ Хоманаӣ шикастҳои пай дар паи режими саҳюнистӣ дар баробари ҷавонони “Ҳизбуллоҳ” ва ҷавонони боҳиммати фаластинӣ дар ҷангҳои 33-рӯза, 22-рӯза ва 7-рӯзаро намунаҳое айнӣ аз таҳаққуқи ваъдаҳои илоҳӣ баршумарданд ва афзуданд: Нокомии истикбор дар минтақаи ғарби Осиё, бо вуҷуди ҳазинаҳои газоф ва эътирофи худашон ба ин шикаст, аз дигар намунаҳои таҳаққуқи ваъдаҳои илоҳӣ аст. Фармондеҳи муаззами кулли қувваҳои мусаллаҳ таъкид карданд: Роҳпаймоиҳои бозгашт дар Ғазза рӯзе ба бозгашти фаластиниҳо ба сарзамини худашон мунҷар хоҳад шуд.

АмрикоАнглияҒаззаИроқЛубнонСайид Алӣ ХоманаӣФаронсаҲизбуллоҳЭрон
Comments (0)
Add Comment