Эҳтимоли амалиёти низомии ҷадиди Туркия дар шимоли Сурия

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раиси ҷумҳур Туркия дар суханони имрӯзи худ нисбат ба анҷоми як ҳамлаи дигар дар шимоли Сурия ҳушдор дод.

Раиси ҷумҳури Туркия дар ин бора гуфт: “Агар дар поёни ин 150 соат минтақа аз вуҷуди терроризм поксозӣ нашавад, мо боз аз ҷониби худ иқдом карда ва минтақаро аз вуҷуди палиди террористҳо поксозӣ мекунем.”

Раиси ҷумҳури Туркия ҳушдор дод дар сурате, ки аврупоиҳо бо тарҳи Туркия барои бозгашти оварагони сурӣ мувофиқат накунанд, онгоҳ Туркия чорае ҷуз он нахоҳад дошт, ки марзҳояшро боз кунад то оворагон ба сӯи Аврупо ҳаракат кунанд.

Раиси ҷумҳури Туркия чанде пеш ба амалиёти артиши ин кишвар дар шимоли Сурия пардохт ва иддао кард, ки ҳадафи ин амалиёт мубориза бо терроризм аст.

Ӯ авлавияти артиши Туркия ва гурӯҳҳои ҳамсӯ бо ин кишварро тасаллут бар шаҳри Манбиҷ донист ва иддао кард, ки Туркия дар пайи хориҷ шудани “гурӯҳҳои террористӣ” аз ин шаҳр ва бозгашти ғайринизомиён аст.

Ардуғон таъкид кард, ки бо Амрико бар сари минтақаи Манбиҷ мушкиле надорад ва хуруҷи Амрико аз шимоли Сурия як иқдоми “мусбат” буд.

Тайи рӯзҳои гузашта руасои ҷумҳури Туркия ва Русия баъд аз дидори чандсоата дар шаҳри Сочӣ ба тавофуқе дар хусуси шимоли Сурия даст пайдо карданд.

Раҷаб Тайиб Ардуғон ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия сешанбеи гузашта эълон карданд ба тавофуқе оиди шимоли Сурия даст пайдо кардаанд.

Яке аз бандҳои ин тавофуқ паймони тарафайн бар ҳифзи иттиҳоди сиёсӣ ва тамомияти арзии Сурия ва муҳофизат аз амнияти Туркия буд.

Раҷаб Тайиб АрдуғонТуркияшимоли Сурия
Comments (0)
Add Comment