Мушкилоти пеши рӯи давлати Туркия дар ҳамла ба Сурия

Агарчӣ давлати Ардуғон ба дунболи нишон додани ҳамлаи муваффақиятомез ба хоки Сурия аст, аммо воқеиятҳо ва шароити майдонӣ, ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ва ҳатто дохилии Туркия ғайри инро нишон медиҳад ва чолишҳои ҷадид ва ҷиддӣ ҳам пеши рӯ дорад.

Дар шароити феълӣ, давлати Туркия бар ин бовар аст, ки дар шарқи Фурот ба бахши қобили таваҷҷӯҳе аз аҳдофи худ даст пайдо карда ва тавониста бо амалиёти низомии ғайриқонунӣ ба номи “Чашмаи сулҳ”, назари худро бар курсӣ нишонад.
Расонаҳои вобаста ба ҳизби “Адолат ва тавсеа” дар рӯзҳои ахир ин амалиётро ҳамчун як нуқтаи муҳим ва пирӯзии таърихӣ барои Туркия унвон кардаанд ва мӯътақиданд, ки Туркия бо ин иқдом тавониста истиқлоли сиёсӣ ва қудрати низомии худро ба рухи дигарон бикашад, аммо аҳзоби мухолиф ва расонаҳои онҳо назари дигаре доранд.
Камол Кличдор Уғлу ва Марал Акшнер раҳбарони ду ҳизби мухолифи Ардуғон, ки эътилофи миллатро ба вуҷуд овардаанд, борҳо дар аснои баргузории ин амалиёт аз Раҷаб Тайиб Ардуғон интиқод ва эълом кардаанд, ки ба хотири заъф дар дипломатия ва сиёсати хориҷӣ, Туркия танҳо ва мунзавӣ шудааст.
Онҳо мӯътақиданд, ки неруҳои низомии Туркия кори худро дуруст анҷом додаанд, аммо дар ниҳоят, амалиёти “Чашмаи сулҳ” ба нафъи Русия тамом шуда ва сабаби он шуда, ки Владимир Путин раисҷумҳури Русия, ҷои пои худро дар ғарби Осиё ва ба хусус Сурия, мустаҳкамтар кунад ва имтиёзи чандоне насиби Туркия нашавад.
Дар ҳар сурат ба ҳар шакле ва аз ҳар манзаре, ки дастовардҳои ин амалиёт арзёби шавад, бояд ин воқеиятро пазируфт, ки мудирияти таҳаввулот сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоӣ дар шимоли Сурия ва ба хусус дар шарқи Фурот абъоди печида ва хоссе дорад, ки бархе аз ин абъод, стратегия ва аҳдофи Туркияро ба чолиш мекашад.
ДИИШ-иҳои бесарусомон
Яке аз муҳимтарин чолишҳои сиёсӣ ва амниятии Туркия дар шимоли Сурия, мудирияти вазъияти зиндонёни Далвати хилофат ва хонаводаҳои онон аст. Миллиятҳои мухталифи ин афроди террорист ва ҳамчунин корномаи сиёҳи онҳо дар ҷароиме, ки кардаанд, ҳар кадом аз онҳоро ба як бомби соатӣ табдил карда, ки метавонад амнияти Сурия, Туркия ва дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро ба хатар баяндозад.
Мақомоти амниятӣ ва сиёсии Туркия эълом кардаанд, ки бархе аз афроди Давлати хилофатро таҳвил гирифта ва онҳоро ба дохили кишвар бурдаанд, аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки раванди бозҷӯӣ ва идомаи ҳабси ин афрод ба чӣ шакле хоҳад буд ва оё Туркия аз назари қонунӣ хоҳад тавонист ин афродро барои ҳамеша дар дохили хоки худ нигаҳ дорад, ё ночор хоҳад шуд, ки бархе аз онҳоро ба кишварҳои худашон бозгардонад.
Мавзӯи оворагон
Яке аз интиқодҳои муҳими мухолифини Ардуғон ин аст, ки сиёсатҳои ӯ дар парвандаи Сурия, сабаб шуда, ки наздик ба 4 миллион нафар аз шаҳрвандони Сурия, ки андаке бештар аз як шашуми кулли ҷамъият ин кишвари арабӣ аст, дар вилоятҳои гуногуни Туркия муқим шаванд.
Дар мавриди миқдори ҳазинаҳои оворагони сурӣ барои иқтисоди Туркия рақамҳои мутафовите зикр шудаанд. Аз 25 миллиард доллар то 40 миллиард доллар, рақамҳое аст, ки аз сӯи мақомоти сиёсии Туркия баён шудаанд, аммо агар ҳатто фақат камтарини он яъне 25 миллиард доллар дуруст бошад, аз даст рафтани чунин сарвати калоне аз тоқати иқтисоди ларзон ва заифи Туркия хориҷ аст ва бешак Туркия бояд роҳе барои бозгашти оворагон пайдо кунад.
Аммо масъала инҷост, ки ин роҳкор бояд бар асоси бозгашти довталабонаи оворагон аз Туркия бошад то рафтори хилофи ҳуқуқ башар аз Туркия сар назанад.
Мавзӯи бозгардондани оворагони сурӣ ба кишварашон, чанд чолиши муҳим дорад, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:
1. Бозгардондани оворагони сурӣ ба ҷое, ки Туркия онро минтақаи амн дониста, бояд ба шакле бошад, ки сабаби эҷоди танишҳои иҷтимоӣ ва тағйироти демографикӣ нашавад.
2. Агар қарор бар сохтани шаҳракҳо ва деҳоти имрӯзӣ ва муқовим барои ҷой додани оворагон бошад, чунин ҳадафи бузурге ду чолиши муҳим дорад: аввал ин, ки ба эҳтимоли қавӣ зерсохтҳои лозим барои сохти ин шаҳракҳо аз сӯи давлати Сурия таъмин нахоҳад шуд ва дувум ин, ки ҳазинаи чунин тарҳи калон беш аз 28 миллиард евро хоҳад буд ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо тазмине барои пардохти чунин маблағе ироа надодаанд.
3. Ҳанӯз дар манотиқи шимоли Сурия ба шакли ҷиддӣ амният ва оромиши лозим эҷод нашуда ва оворагони сурӣ замоне ба ин манотиқ бозхоҳанд гашт, ки роҳкори доимӣ ва сиёсӣ барои ҳалли буҳрони Сурия ба вуҷуд омада бошад. Чунин ба назар мерасад, ки лозимаи расидан ба ин нуқта, сипарӣ шудани замони тӯлонитаре хоҳад буд ва эҳтимолан яке аз роҳкорҳое, ки метавонад расидан ба чунин истгоҳеро ҳамвортар кунад, оғози раванди оддисозӣ дар равобити Туркия ва Сурия хоҳад буд.
Бозгашт ба Адана
Яке аз бандҳои муҳими санади 10 моддаии тавофуқи Сочӣ байни Путин ва Ардуғон, талош барои бозгашт ба тавофуқномаи Адана байни Анқара ва Димишқ аст.
Дар ҳоли ҳозир воҳидҳои гашти муштараки Русия ва Туркия аз як сӯ ва Русия ва Сурия дар сӯи дигар дар ҷараён аст, аммо агар қарор бар ин бошад, ки дар миёнмуддат раванди оддисозии равобит байни Туркия ва Сурия калид хӯрда ва тавофуқномаи Адана як бори дигар эҳё шавад, чунин чизе боиси эҷоди гунае ҷадид аз ҳамоҳангии амниятӣ ва марзӣ байни Туркия ва Сурия низ хоҳад буд ва бо дар назар гирифтани рӯйкарди Туркия ба мудофеони курд дар манотиқи шимоли Сурия, ин масъала шароити ҷадидеро ба вуҷуд хоҳад овард.
Шикофи амиқ миёни курдҳо ва туркҳо
Давлати Туркия солҳост бо ҳизби коргарони Курдистони Туркия мубориза мекунад ва бо ин баҳона борҳо ба марзи Сурия ва Ироқ ҳамла кардааст, аммо ин бор бо таваҷҷӯҳ ба ҳамлаи артиши Туркия ва куштори курдҳои Туркия ва Сурия дар хоки Сурия дар дохили Туркия миёни курдҳо ва туркҳо шикофи амиқ эҷод кардааст, ки осори он дар мавзеъгирии намояндаи курд дар парлумони Туркия, ки дар фазои маҷозӣ нашр шуд ва даргириҳо миёни курдҳо ва туркҳо дар Олмон ошкор шудааст.
Дар як ҷамъбандии куллӣ метавон гуфт, ки агарчи Туркия аз лиҳози стратегияи низомӣ тавонистааст дар шимоли Сурия ба бахше аз аҳдофи худ даст пайдо кунад, аммо дар ҳар ҳол бо таваҷҷуҳ ба абъоди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва амниятии печидаи ин мавзӯъ, метавон интизор дошт, ки дар ҳафтаҳо ва моҳҳои оянда низ давлати Ардуғон барои мудирияти ин парванда бо чолишҳои ҷадиде рӯбарӯ шавад.

АнқараВладимир ПутинДИИШДимишқКамол Кличдор УғлуОлмонРусияСурияТуркия
Comments (0)
Add Comment