Дидори Грифис бо муовини вазири дифои Арабистон дар бораи раванди сиёсии Яман

Намояндаи Созмони Милалл дар умури Яман бо муовини вазири дифои Арабистон дар Риёз дидор кард.

Мартин Грифис , намояндаи Созмони Милалл дар умури Яман бо Холид бин Салмон , муовини вазири дифои Арабистон дидор ва ду тараф дар ин дидор роҳҳои ҳимоят аз раванди сиёсӣ дар Яман ва талошҳои суратгирифта барои иҷроии тавофуқи Истекҳламро баррасӣ карданд.

Намояндаи Созмони Милал дар ҷараёни ин дидор бар аҳамияти пешрафт дар иҷроии тавофуқ миёни давлати мустаъафи Яман ва гурӯҳи Ансоруллоҳ дар наздиктарин замони мункин таъкид кард. Вай ҳамчунин бар аҳамияти талошҳои Созмони Милал ва Салиби сурх дар иҷроии ин тавофуқ ва ҳамчунин чолишҳо ва фурсатҳои пеши рӯи парвандаи инсонӣ таъкид кард.

Грисиф , дар хусуси тавофуқи Алҳадида тасриҳ кард ; дар иҷроии ин тавофуқ ба вижа марбут ба коромадии механизми назорат бар оташбас ин иқдом бар ҳимоят ва ҳифозат аз ғайринизомиён , тақвияти ҳамкории башардӯстона ва низ фароҳам кардани фазои муносиб барои ҳимоят аз иқдомҳое дар ростои эътимодсозӣ пешрафтҳое муҳақақ шудааст. Ин намояндаи Созмони Милалл ба таъбири худ нқши меҳварии Арабистон ба раҳбарии Муҳаммад бин Салмон , валиаҳди ин кишвар дар ҳимоят аз талошҳои Созмони Милал барои дастёби ба роҳкори сиёсӣ барои буҳрони Яманро мавриди таъкид қарор дод.

АрабистонМартин ГрифисМуҳаммад бин СалмонСозмони МилалХолид бин СалмонЯман
Comments (0)
Add Comment