Муттаҳам шудани сарони давлати Афғонистон ба тахаллуфи интихоботӣ

Шӯрои номзадҳои раёсатҷумҳурии Афғонистон сарони давлати ин кишварро ба тахаллуфи интихоботӣ муттаҳам кард.

Шӯрои номзадҳои раёсатҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Афғонистонро ба даст доштан дар тахаллуф дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ муттаҳам кард.

Шӯрои номзадҳои раёсатҷумҳурии Афғонистон эълом кард; дар ҳоле, ки мардум мунтазири тафкики раъйҳои дуруст ва ботил аз сӯи Комиссияим мустақили интихоботӣ буданд, Ғанӣ ва Абдуллоҳ худашонро пирӯзи интихобот эълом карданд ва ин дар ҳолест, ки ҳар гуна фишоре барои эъломи натиҷаи интихобот пеш аз тафкики раъйҳои дуруст ва ботил, метавонад Афғонистонро ба самти бӯҳрон савқ диҳад.

Ин шӯро таъкид кард: Аз ворид шудани як миллион раъйи ҷаълӣ ба Пойгоҳи иттилоотии Комиссияи интихобот ҷилавгирӣ хоҳад шуд.

 

АфғонистонАшраф Ғанӣинтихоботи президентӣ
Comments (0)
Add Comment