Дархости Трамп аз Ардуғон барои таваққуфи ҷанг

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Ардуғон хост, бо гуруҳҳои курд дар шимолу шарқи Сурия созишномаи оташбас имзо кунад.

Тарафайн ахиран суҳбати телефонӣ анҷом додаанд ва Майк Пенс ноиби раисҷумҳури Амрико бо зикри ин хабар гуфтааст, ки дар ин бора гуфтааст, ки дар фурсатҳои наздик ҳайати амрикоиро дар сафари Туркия роҳбарӣ мекунад. Ин ҳайат талош хоҳад кард, ки ҷанги байни туркҳо ва курдҳои Сурия қатъ шавад.

Пештар аз ин мақомоти Амрико зидди вазирҳои дифоъ, энержӣ ва корҳои дохилӣ, инчунин нисбати вазоратҳои дифоъ, энержӣ ва дохилии Туркия таҳрим эълом карданд. Амрико расман ҳукумати Туркияро дар ташаннуҷи вазъ ва густариши хушунат дар минтақа айбдор кард.

Трамп ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки Амрико вазифадор нест, курдҳои Сурияро муҳофизат кунад. Раисҷумҳури Амрико навиштааст: «Ман зидди касе нестам, ки мехоҳад, курдҳои Сурияро ҳимоят кунад, бигзор Русия, Чин ва ё Наполеон Бонапарт бошад. Умедворам, муваффақ шаванд, мо дар фосилаи 7 ҳазор мил қарор дорем!»

Ахиран гуруҳҳои курд, ки шимолу шарқи Сурияро таҳти назорат доранд, дар робита ба мустақар кардани неруҳои ҳукуматӣ дар марз бо Туркия, бо Димишқ созиш карданд. Курдҳо умедворанд, бо кумаки артиши Сурия ҳамлаи туркҳоро пас гардонанд.

Артиши Туркия амалиёти низомиро дар шимоли Сурия 9 октябр шуруъ кард. Дар ин бора Ардуғон дар саҳифаи твиттер хабар дод. Амалиёт номи «Манбаи сулҳ»-ро гирифт. Мақомоти Туркия гуфтанд, ҳадаф аз амалиёт — мубориза бо гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» ва гуруҳҳои мусаллаҳи курдӣ дар минтақа аст. Туркия ҳамчунин иддао дорад, ки қасдаш аз ин амалиёт таъсиси минтақаи амне дар марзи Туркияву Сурия аст, то фирориҳои Сурия тавонанд ба манзилҳояшон баргарданд.

Намояндаи «Неруҳои демократии Сурия» Мустафо Балӣ гуфт, неруҳои ҳавоии Туркия дар шимоли Сурия ба «минтақаҳои аҳолинишин» ҳамла мекунанд. Вай пештар аз ин огоҳ карда буд, ки «агар артиши Туркия ба минтақаи таҳти назорати курдҳо ворид шавад, зидди артиши Туркия ҷанг хоҳанд кард».

АмрикоДонад ТрампРаҷаб Тайиб АрдуғонСурия
Comments (0)
Add Comment