Узбакистон зудтар аз Тоҷикистон ба Иттиҳодияи АвруОсиё мепайвандад

Мудири Пажӯҳишгоҳи барномарезии роҳбурдии Русия мӯътақид аст, ки Узбакистон зудтар аз Тоҷикистон ба Иттиҳодияи АвруОсиё мепайвандад.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Александр Гусев гуфтааст, ки иқтисоди Узбакистон бо ҷамъияти беш аз 30 миллионнафарии ин кишвар, дар муқоиса бо Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳодияи АвруОсиё омодатар аст.

Ҳамчунин Шавкат Мирзиёев, раиси Ҷумҳурии Узбакистон барқарории равобити наздик бо Русия ва ҳамгироӣ бо дигар кишварҳои Осиёи Марказиро дар авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор додааст ва ин омил мӯҷиби суръат бахшидан ба раванди пайвастани Тошканд ба Иттиҳодияи АвруОсиё хоҳад шуд.

Ба ақидаи ин коршиносии рус, агарчи Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аҳамияти пайвастани кишвараш ба ин иттиҳодияро дарк мекунад, аммо дар Тоҷикистон, нигаронӣ вуҷуд дорад, ки маҳсулоти саноатии ин кишвар аз тавони рақобат дар баробари маҳсулоти воридотии дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи АвруОсиё бархӯрдор набошад.

АвруОсиёАлександр ГусевРусияТоҷикистонШавкат МирзиёевЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment