Омодагии Узбакистон барои пайвастан ба Иттиҳодияи АвруОсиё

Раиси Шурои федератсияи Русия аз омодагии Узбакистон барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод.

Валентина Матвиенко раиси Шурои федератсия (маҷлиси сенат)-и Русия дар дидори Нуруддинҷон Исмоилов раиси Маҷлиси қонунгузории Узбакистон аз мувофиқати Тошканд барои пайвастан ба Иттиҳодияи АвруОсиё хабар дод.

Раиси Маҷлиси сенати Русия изҳор дошт, раиси ҷумҳури Узбакистон тасмим гирифта ва дар ҳоли ҳозир мавзӯи пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар дасти баррасӣ аст.

Матвиенко бо истиқбол аз ин иқдоми Тошканд таҳаққуқи онро кори бузурге тавсиф кард ва ҳамзамон ибрози умедворӣ кард, ки вуруди Узбакистон ба ин иттиҳодия бидуни таъхир анҷом хоҳад шуд.

Бинобар изҳороти вай вуруди Узбакистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё фурсатҳои наверо барои ҳамкорӣ дар хонаводаи АвруОсиё ва ҳамчунин таомулоти дуҷониба фароҳам ва мавонеи хоссеро, ки дар равобити ду кишвар вуҷуд дорад рафъ хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Русия ва Қирғизистон узви ин иттиҳодия буда ва теъдоде аз кишварҳо барои пайвастан ё ҳамкорӣ бо он ибрози тамоюл кардаанд.

АвруОсиёАрманистонБеларусВалентина МатвиенкоҚазоқистонҚирғизистонРусияУзбакистон
Comments (0)
Add Comment