Изҳороти зидди эронии Натаняҳу дар Русия

Нахуствазири режими саҳюнистӣ дар изҳороти зидди эронӣ дар шаҳри Сочии Русия, дӯстӣ бо Эронро барои Маскав хатарнок хонд.

Бенямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дирӯз (панҷшанбе) пеш аз дидор бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар шаҳри Сочи дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии русӣ “RBK”, ки мавозеи мухолифи давлати Путин дорад, гуфт, “Ин гуна нест, ки мавозеи Русия ва Эрон ҳамвора яке бошад ва ду кишвар дар масоиле бо ҳам ихтилофи назар доранд”.

Натаняҳу бо такрори иддаоҳои беасоси худ алайҳи барномаи ҳастаии Эрон афзуд, эрониҳо дар талош барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ ва ба думболи тасаллут бар ғарби Осиё ҳастанд.

Нахуствазири режими саҳюнистӣ дар суханони таҳрикомез гуфт, Эрон дар оянда силоҳ ва идологияи худро на фақат алайҳи Ғарб ва Исроил, балки алайҳи Русия ба кор хоҳад гирифт.

Натаняҳу қарор аст, имрӯз дар дидор бо Путин дар шаҳри Сочи дар хусуси мавзӯоте перомуни Эрон гуфтугӯ кунад.

Бенямин НатаняҳуВладимир ПутинҒарбИсроилРусияСочиЭрон
Comments (0)
Add Comment