Тоҷикистон кишвари ноамн нест

Раиси вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар мулоқот бо сафири Англия, аз эъломи ин кишвар ба унвони як кишвари ноамн барои гардишгарон ибрози нигаронӣ кард.

Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо Метю Лоусон, сафири Англия дар ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Фвйзов дар ҷараёни ин мулоқот аз он ки сафоратхонаҳои Амрико ва Англия дар пойгоҳҳои расмии худ Тоҷикистонро як кишвари ноамн эълом ва барои сафари гардишгарон тавсия намедиҳанд, изҳори нигаронӣ кард.

Вай ба масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишвар, ки ниёз ба ҳаллу фасл доранд, ишора ва гуфт, омӯзиши забони англисӣ, дифои рисолаҳои илмӣ дар донишгоҳҳои олии Англия, ҳузури созмонҳои хориҷӣ ва хусусии Англия дар тавсеаи манобеи табиӣ, эҷоди корхонаҳои санъатӣ, рушди бахши хусусӣ, коҳиши авоқиби балоёи табиӣ аз он ҷумла мебошанд.

Сафири Англия низ ба навбати худ гуфт, ин масъаларо ҳатман тавассути сафорат ба давлати Англия пешниҳод хоҳад кард ва далоили нашри ин мавзуъ дар пойгоҳи расмии сафоратро баррасӣ ва посухи онро ба мақомоти зирабти Бадахшон хоҳад расонд.

Лоусон дар идома бо ҳимоят аз пешниҳодоти раиси вилояти Бадахшони Тоҷикистон изҳори итминон кард, ҳамкории давлати Англия бо Тоҷикистон, ба вижа бо мақомоти зирабти Бадахшони ин кишвар боз ҳам рушд хоҳад ёфт.

АмрикоАнглияБадахшониЁдгор ФайзовТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment