Сахттар шудани муҷозоти корбурди шиканҷа дар Тоҷикистон

Давлати Тоҷикистон тарҳи ҷадиди ислоҳоти қонуни қазоӣ ба манзури сахттар кардани муҷозоти истифода аз шиканҷаро ба парлумони ин кишвар ироа кард.

Бинобарин тарҳ, муҷозоти шиканҷа дар ин кишвар сахттар ва дар сурати тасвиби он афроди муттаҳам ба истифода аз шиканҷа ба 5 то 7 соли зиндон маҳкум хоҳанд шуд.

Қонуни феълии Тоҷикистон барои истифода аз шиканҷа бо ҳадафи эътироф ё иттилоот аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар 25 –уми июл Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал тавсияҳои ниҳоии худ дар мавриди иҷрои мисоқи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ тавассути Тоҷикистонро ба Душанбе ирсол кард.

Ин тавсияҳо дар пайи гузориши ҳайати Тоҷикистон дар садубистушашумин ҷаласаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал дар 2 то 3 –юми июл дар Женева ироа шуд.

Сарпарастии ҳайати расмии Тоҷикистон дар ин ҷаласаро Юсуф Раҳмон, додситони кулли ин кишвар бар ӯҳда дошт.

Он замон Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал аз мақомоти Тоҷикистон хост то шиканҷаро дар зиндонҳо аз байн бибарад ва бархурди инсонӣ бо ҳамаи зиндониён дар ҳар шароитеро таъмин ва аз истифода аз шиканҷа барои ба даст овардани эътирофот даст бардорад.

ДушанбеЖеневаСозмони МилалТоҷикистонЮсуф Раҳмон
Comments (0)
Add Comment