Дафни беш аз 12 ҳазор нафар дар гӯрҳои ҷамъии ДИИШ дар Ироқ

Алӣ Албаётӣ, узви ин комиссариё гуфт, ки дар ин 200 гӯр ҷасади беш аз 12 ҳазор қурбонӣ дафн шуда ва бештари ин гӯрҳо дар манотиқе аст, ки таҳти ишғоли ДИИШ буд.

Вай афзуд, то кунун муваффақ нашудаем ҳувияти қурбониёни ҳозир дар ин гӯрҳоро шиносоӣ кунем.

Узви комиссараиёи олии ҳуқуқи башар дар Ироқ гуфт, беш аз ҳафт ҳазор нафар низ ба дасти ДИИШ рабуда шуданд, ки ниме аз ин теъдод то кунун боз нагаштаанд.

Албаётӣ ёдовар шуд, ки сиёсати ДИИШ дар бархурд бо афроди рабудашуда ин буд, ки мардонро мекуштанд ва занонро ба унвони барда мегирифтанд ва дар кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс ё кишварҳои аврупоӣ мефурӯхтанд.

Ин масъули ироқӣ бо ишора ба ин ки ҳудуди 600 кӯдак ва марди туркман рабуда шуданд ва ҳеҷ иттилое аз сарнавишти онон дар даст нест, эълом кард, ки Созмони Милал рабуда шудани ҳазору 200 туркман, аз ҷумла 600 зану духтар ва 120 кӯдакро сабт кардааст.

Албаётӣ ҳамчунин гуфт, 100 ҳазор нафар дар вилояти Найнавои ин кишвар ба иттиҳоми терроризм таҳти таъқиб ҳастанд.

Алӣ АлбаётӣДИИШСозмони Милал
Comments (0)
Add Comment