Замони бозгашти аввалин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик

Рӯзи 20-уми август (имрӯз) гурӯҳи нахустини ҳоҷиёни Тоҷикистон тариқи хатсайри Мадина-Хуҷанд ба Ватан бармегарданд.

Ба нақл аз хадамоти матбуотии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои Тоҷикистон, парвози ин гурӯҳи зоирон аз тариқи ширкати ватании Тоҷик-Эйр дар назар дошта шудааст.

Парвоз соати 06:00 оғоз гардида, интизор меравад, ҳудуди 4 соат идома кунад.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон имсол 7000 бурсия барои зоирини тоҷик дарёфт намуда буд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон, соли равон арзиши адои Ҳаҷ барои як нафар 35 ҳазору 128 сомониро ташкил хоҳад дод.

Кумита тавзеҳ додааст, ки ба маблағи зикршуда хароҷоти чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, иқомат ва будубош дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо ғизо дар давоми мавсими ҳаҷ шомил мебошад.

Парвози нахустини зоирини тоҷик тариқи ширкати “Сомон Эйр” 22- юми июли соли равон оғоз ёфта, охирин парвоз 2–юми август сурат гирифта буд.

Сомон ЭйрТоҷикистонҳаҷҳоҷиён
Comments (0)
Add Comment