Сел дар Ҳинд бо 50 кушта ва нопадид

Боришҳои селосо да иёлоти Ҳинд 30 кушта ва 20 мафқуд барҷо гузошт.

Давлати Ҳинд эълом кард; дар бисту чор соати гузашта боронҳои селосо дар иёлотҳои мухталифи ин кишвар боиси ҷорӣ шудани сел, рониши замин, осеб ба ҷодаҳо ва тахриби сохтмонҳо шудааст.

Ронишҳои замин дар ду иёлот ҳамчунин сабаби аз кор афтодани нерӯгоҳҳои обӣ шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти ҳиндӣ имсол талафоти сел ва рониши замин дар саросари Ҳинд ба ҳазору 58 нафар расидааст,дар ҳоле,ки соли гузашта омори талафоти ноши аз сел дар ин кишвар ҳазор ва 211 нафар эълом шуда буд.

Боронҳои мавсумӣ ( Мунсун ) аз июн то сентиябри ҳар сол талафот ва хасороти зиёде дар Ҳинд ҷорӣ мегузорад.

селҲинд
Comments (0)
Add Comment