Эҷоди шӯрои машваратии таъйини нархи асъор дар кишварҳои узви иттиҳодияи АвроОсиё

Пешнависи тавофуқномаи эҷоди шӯрои машваратӣ барои назорат ва контроли нархи асъор дар кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба тасвиб расид.

Ҳайати иҷроии ин комиссия дар нишасти ахири худ масоили марбут ба муқаррароти гумрукӣ ва фаннӣ, сиёсати молӣ, тиҷорат, рақобат, диҷитолсозӣ ва фаъолияти бозорҳои дохилии кишварҳои узви иттиҳоди иқтисоди АвруОсиёро мавриди барраси қарор дод.

Дар ин нишаст пешнависи тавофуқнома эҷоди шӯрои машваратӣ барои назорат ва контрол бар нархи асъор дар кишварҳои ин иттиҳодия ба тасвиб расид.

Дар ин санади дарҷ шуда сиёсатҳои асъор тавассути ниҳодҳои ҷудогона шомили сарони банкҳои миллии (маркази) кишварҳои узви иттиҳодия танзим мешаванд.

Дар пешнависи ин санад аҳдоф, вазоиф, амалкард, таркиб ва ихтиёроти ин шӯро ва ҳамчунин равиши тасмимгириҳо мушаххас шудааст.

Тавсеа ва таъмиқи ҳамкориҳо миёни банкҳои марказии кишварҳои узв дар иртибот бо сиёсатҳои асъорӣ, шиносоии осебҳо ва шокҳои хориҷие, ки метавонанд сабаби бесуботӣ ва афзоиши баланду поин шудан дар бозорҳои дохилии асъор шаванд аз ҷумла вазоифи ин шӯро ба ҳисоб шудааст.

Санади мазкур барои ҳамоҳангии дохилӣ ба тамоми кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ирсол хоҳад шуд.

Ҳайати иҷроии комиссияи иқтисодии АвруОсиё илова бар ин тарҳи амалӣ барои ташкил ва беҳбуди як системи муштараки иттилоотии марҷаъ барои солҳои 2019-2020-ро таъйид кард.

Интизор меравад системи табақабандӣ ва феҳристӣ дар заминаи фаъолитҳои ҷудогонаи комиссия тадвин ва таъйид, ҷорисозӣ ва истифода аз нусхаҳои маҳаллии системҳои табақабандӣ ва феҳристҳо мушаххас ва ҳамчунин асноди лозим таҳия шаванд.

Дар натиҷа беш аз 30 китоби марҷаъ ва табақабанди шуда дар манобеи муштараки иттилооти марҷаи иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ворид мешаванд.

Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, ҳам акнун аз кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон ташкил шудааст.

Маҷмӯи масоҳати кишварҳои узви ин иттиҳодия беш аз 20 миллион километр мураббаъ, ҷамъияти он беш аз 180 миллион нафар ва тавлиди нохолиси дохилии он дар соли 2013 мелодӣ ҳудуди 4 ҳазор миллиард доллар (бар асоси меъёри баробари қудрати харид) аст.

Дар чорчуби ин иттиҳодия, аъзои он мувофиқати худро бо тараддуди озоди коло, сармоя, неруи кор ва хадамот дар марзҳои АвруОсиё эълон кардаанд.

Аъзои АвруОсиё ҳамчунин эълон кардаанд, ки сиёсати муштаракӣ дар заминаи энергӣ, санъат, кишоварзӣ ва васоили нақлия хоҳанд дошт.

АвруОсиёАрманистонБелерусҚазоқистонҚирғизистонРусия
Comments (0)
Add Comment