Душвориҳои Ардуғон бо ҳамҳизбиҳои собиқаш

Вай дар ин хусус гуфт: Эшон ба дидори ман омад. Аз ӯ пурсидам: Алибег, мехоҳед ҳизб таъсис кунед? Гуфт: Не. Дар ҳоли ҳозир чунин қасде надорем, аммо иқдомоти аввалия анҷом шудааст.
Ба эшон гуфтам: Ман мақоми мушовири раҳбарии ҳизбро ба шумо пешниҳод кардам, рад кардед. Ҳамин ҳоло ҳам агар дар кобина метавонед ёригари мо шавед аз назаротатон истифода мекунем. Аммо ӯ рад кард. Мутассифона пештар низ як пешниҳоди маро рад карда буд. Раисҷумҳури Узбакистон, аз ман хост фардеро ба ӯ пешниҳод кунам, ки дар сохтори давлат ёригар шавад. Ман Алибегро пешниҳод кардам ва Узбакистон низ истиқбол кард, аммо худи ӯ напазируфт.
Ман ба эшон гуфтам: Шумо дӯст ва ҳамроҳи мо дар роҳи мубориза ҳастед. Ҳоло роҳи мо аз ҳам ҷудо шудааст. Айбе надорад. Аммо шумо ҳаққ надоред ин умматро тикка-тикка кунед. Ин кори дурусте нест.
Ардуғон ҳамчунин дар мавриди Довуд Уғлу ва Абдуллоҳ Гул гуфт: Шумо мебинед дӯстеро, ки бар маснади нахуствазир нишондем ҳоло дар чӣ мавқеияте аст. Шумо дидед фарде, ки раисҷумҳуриро ҳам таҷриба кард٬ баъдҳо ҳозир нашуд ба узвият дар ҳизби худ идома диҳад.
Хабарнигорон аз Ардуғон савол мекунанд: Оё шумо аз Гул٬ Бобоҷон ва Довуд Уғлу гиламанд ҳастед?
Ардуғон дар посух мегӯяд: Бале. Аз инҳо гиламанд набошем٬ аз чӣ касе гилоя кунем? Онҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳам пушти моро холӣ карданд.
Ардуғон ҳамчунин ба дархости раҳбари ҳизби Ҷумҳурии халқ дар мавриди зарурати баргузории реферондум дар мавриди бетарафии ҳизбии раисҷумҳурӣ ишора карда ва гуфт: Ҷаноби Куличдор Уғлу бояд бидонад, ки наметавон ҳар моҳ ва ҳар сол реферондум баргузор кард.
Ардуғон дар поён ба ин нукта ишора карда, ки ба зудӣ мақоме дар ихтиёри Бен Алӣ Елдерим нахуствазири собиқи Туркия, ки дар интихоботи шаҳрдории Исломбул шикаст хурд, хоҳад гузошт.
Шароити Ардуғон ба хотири амалкард ва дидгоҳҳои хосси ӯ бо ҳамҳизбиҳои собиқаш душвортар мешава

Абдуллоҳ ГулБен Алӣ ЕлдеримДовуд УғлуИсломбулРаҷаб Тайиб АрдуғонТуркияУзбакистон
Comments (0)
Add Comment