Ҷодасозии Ҳинд дар Душанбе; тули 9 километр ҳазина 46 миллион доллар

Давлати Ҳинд дар пойтахти Тоҷикистон хиёбоне ро ба арзиши 46.5 миллион доллар сохта ва ба истифода медиҳад.

Маросими оғози сохти ин хиёбон бо ҳузури Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе ва Самантагош сафири Ҳинд дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Пружаи мазкур сохти як хиёбони 9.2 километрӣ аз минтақаи Чорчуб то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе бо арзи 40 метр ро дар барнома дорад.

Ҳамчунин дар чорчуби ин пружа сохти як пули бузург бар рӯйи рӯдхонаи Ҳисор хатти роҳ оҳани 2 ҷодаи иттисолӣ, пиёдагард ва насби чароғҳои рӯшноӣ ва алоими ронандагӣ пешбинӣ шудааст.

Давлати Ҳинд ин маблағро ба шакли кумаки беиваз ба тарафи Тоҷикистон ироа мекунад.

Шаҳрдори Душанбе дар поёни ин маросим мақомоти масулро ба иҷроии ба мвқеъи ин пружа вазифадор кард.

ДушанбеРустами ЭмомалӣТоҷикистонҲиндҲисор
Comments (0)
Add Comment