СММ аз эҳтимоли ҷинояти ҷангии ҷадид дар Миянмар хабар дод

Ба гузориши Тоҷик Пресс, бозрасони Созмони Милали Муттаҳид аз эҳтимоли ҷинояти ҷангии ҷадид дар Миянмар хабар доданд.

Бино бар гузориши хабаргузории “Reuters”, як гурӯҳ аз бозрасони Созмони Милал, дирӯз эълом карданд, ки нерӯҳои амниятии Миянмар ва тарафи муқобилашон, дар минтақаҳои ғарбии ин кишвар ҳуқуқи инсонро зидди ғайринизомиён риоят намекунанд ва имкони пеш омадани ҷинояти ҷангии ҷадид дар ин ноҳия вуҷуд дорад.

Низомиёни давлатӣ акнун дар ҳоли мубориза бо гурӯҳҳои қавмӣ дар вилоятҳои “Рохин” ва “Чин” ҳастанд. Дар 22-и июн, мақомот ба ширкатҳои мухобиротӣ фармон доданд, ки интернетро дар ин ду вилоят қатъ кунанд. “Янгӣ Лӣ” коршиноси мустақилли СММ дар заминаи ҳуқуқи инсон дар Миянмар пештар гуфта буд, ки артиш эҳтимолан ба ин васила ба сурати густарда ҳуқуқи инсонро дар ду вилояти зикршуда, нақз мекунад.

Дар пайи саркӯбҳо дар соли 2017, беш аз 730 ҳазор нафар аз мусалмонони Руҳингиё ба Банглодеш гурехтанд. Бозрасони Созмони Милал гуфтаанд, ки иқдомоти Миянмар аз қабили куштори ҷамъӣ, таҷовуз, оташсӯзии густарда ва эъдом, ҳама бо ҳадафи наслкушӣ анҷом гирифтаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки давлати марказӣ ин иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, ки тамоми иқдомоти суратгирифта дар ҷиҳати вокуниш ба иқдомоти Руҳингиё будааст.

Дар соли гузашта ҳам як муъассисаи байналмилалӣ тайи таҳқиқоте ба ин натиҷа расид, ки беш аз 24 ҳазор мусалмони Руҳингиё аз августи 2017 ба дасти нерӯҳои давлатии Миянмар кушта шудаанд.

Дар ин гузориш омада буд, ки нерӯҳои давлатии Миянмар ба 17718 зан ва духтари руҳингиёӣ таҷовуз кардаанд. Ҳамчунин дар таҳоҷуми артиши Миянмар ба мусалмонони ин кишвар, 115 ҳазор хона оташ зада ва 113 ҳазор хона низ вайрон шуданд.

Авохири 2017, Миянмар ва Банглодеш дар хусуси бозгардондани оворагони Руҳингиё ба тавофуқ расиданд, ки то кунун иҷроӣ нашудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ожонсҳои имдодии Созмони Милали Муттаҳид аз Миянмар хостанд бо беҳбуди шароит дар вилояти Рохин, шароити бозгашти эмин барои садҳоҳазор овораи руҳингиёиро аз Банглодеш фароҳам кунад.

БанглодешМиянмарнаслкушӣРуҳингиёСММСозмони Милали МуттаҳидСозмони Ҳуқуқи Инсон
Comments (0)
Add Comment