Туркия S 400-ро тайи 10 рӯзи оянда дарёфт мекуна

Рӯзномаи Миллият гузориш дод, ки Раҷаб Тайиб Ардуғон раисҷумҳури Туркия дар Киотои Япония ва дар гуфтугӯ бо хабарнигорон эълом кард: Ниёзе нест, ки ҳар касе чизе дар мавриди S 400 бигӯяд. Шумо изҳороти ҷаноби Трампро дидед. Ӯ ба расонаҳои Амрико дар мавриди F 35 ҳам гуфта, ки Туркия пули ин ҳавопаймоҳоро дода ва ҳоло мехоҳад онҳоро таҳвил бигирад ва чизе табиитар аз ин нест.
Ардуғон афзуд: Мо як ҳафта пеш ҳам панҷоҳ миллион доллар ба Амрико фиристодем ва ба шакли пай дар пай ҳазинаи хариди F 35-ро пардохт мекунем.
Вай дар идома дар мавриди S 400 гуфт: Нахустин маҳмула аз сомонаи мушакии S 400 зарфи як ҳафта то 10 рӯзи оянда ба Туркия медарояд.
Ардуғон дар поён ба ин масъала ишора кард, ки аз ҷиҳати короӣ ва фановар٬ ҳар як мушак S 400 бо 3 мушаки Патриот баробарӣ мекунад.
Сомонаи мушакии S 400 сохти Русия ва Патриот сохти Амрико аст. Мақомоти Амрико ба давлати Ардуғон барои хариди S400 Русия ҳушдор дода будан

S400АмрикоРаҷаб Тайиб АрдуғонРусияТрампТуркияЯпония
Comments (0)
Add Comment