Арабистон садҳо кӯдак-сарбози судониро дар ҷанги Яман ба кор гирифтааст

Ба гузориши Тоҷик Пресс, як сайти хабарии амрикоӣ пушти пардаи ҳузури нерӯҳои судонӣ дар қолаби эътилофи Саудӣ барои мушорикат дар ҷанг дар Яман аз замони оғози ин ҷанг дар марти 2015-ро ривоят кард.

Георгио Кавиро, пажӯҳишгари масоили Халиҷи форс дар ёддоште барои сайти таҳлилии “Lobelog” бо ишора ба нақши муҳимми Судон дар ҷанги Яман навишт: “Саудиҳо ва аморотиҳо аз ҳамон ибтидои ҷанги Яман ба низомёни судоние, ки аз таҷрибаи размии болое дар Дарфур ва дигар манотиқи кишварашон бархурдор буданд, мутавассил шуданд”.

Ба гуфтаи ин пажӯҳишгари амрикоӣ мушорикати Судон дар ҷанг, умдатан барои пул аст. Ба гунае, ки байни 8 то 14 ҳазор муздури судонӣ дар сафи эътилофи арабӣ бо нерӯҳои яманӣ дар Яман мубориза мекунанд, ки аз ҷумлаи онҳо кӯдак-сарбозоне ҳастанд, ки байни 13 то 17 сол син доранд.

Кавиро мегӯяд: “Кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи форс, ки дар эътилофи арабӣ ҳузур доранд ба ҳар як аз муздурони судонӣ ва кӯдак-сарбозоне, ки дар сафи онҳо ҳастанд дастмузде ба маблағи даҳ ҳазор доллар медиҳад ва онҳоро ба хатти муқаддами ҷанг мекашонад.

Вебгоҳи ямании “Мутобиъот” ба нақл аз ин нависандаи амрикоӣ тасреҳ кард: “Аз ҳамин рӯ аст, ки шумори қурбониёни саудӣ ва аморотӣ дар ҷанги Яман нисбатан андак аст, бар хилофи садҳо судоние, ки ҷони худро дар ин ҷанг аз даст додаанд. Судон ҳамчунин марзҳои худро ба рӯи муздурони дигар кишварҳои африқоӣ боз гузошта ва онҳоро озими ҷанг дар Яман мекунад”.

Ба гуфтаи Кавиро бештари ҷангҷӯёни судонӣ мутааллиқ ба нерӯҳои пуштибонии сариъи Судон аз як қабилаи ғайринизомӣ ба номи “Ҷанҷавид” ҳастанд. Ҷанҷавидҳо мураккаб аз арабҳое аз ғарби Судон, шарқи Чад ва Ҷумҳурии Африқои марказӣ ҳастанд, ки Умар Ал-Башир раисиҷумҳури Судон онҳоро барои мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Дарфур тайи даҳаи нахусти қарни 20 ба хидмат гирифта буд.

Кавиро ба нақл аз нозирон навишт: “Ҷанҷавидҳо бадтарин ва фақиртарин мардум дар Судон ҳастанд ва фақат барои пулҳои Арабистон ва Аморот ба ҷанг дар Яман рафтаанд”.

Ин пажӯҳишгарм амрикоӣ таъкид кард: “Тасмими Умар Ал-Бшир барои боқӣ мондани Судон дар эътилофи арабӣ дар канори хашми мардумии ношӣ аз фасод, фақр ва бекорӣ дар ин кишвар, яке аз авомили таъсиргузор дар поёни ҳукумати  30 солаи вай бар ин кишвар буд ва мухолифати густурда бо нақши Судон дар даргириҳои Яман меҳвари эътирозоти зидди Ал-Башир дар солҳои 2018 то 2019 буд”.

Нависанда ба хушунати маргбори аъзои собиқи Ҷанҷавид зидди тазоҳуроти мардуми Хортум дар 3-и июни гузашта ишора кард ва гуфт: “Дар пайи нишастҳои байни мақомоти баландпояи шӯрои низомии интиқолӣ ва ҳамтоёни онҳо дар Риёз, ки ба ҳокимони низомии Судон барои ҳамлаи хушунатбор ба эътирозгарон чароғи сабз нишон доданд, нерӯҳои пуштибонии сариъи Судон таҳассуни мардумии эътирозгаронро ба хоку хун кашиданд”. Ба навиштаи ин коршиноси амрикоӣ, онҳо нерӯҳои ниёбатии Арабистон ва Аморот дар Судон ва Яман ҳастанд.

Ба эътиқоди Кавиро кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи форс, ки масъули ҷанги Яман ҳастанд медонанд агар ғайринизомиён дар Судон қудрат бигиранд ба эҳтимоли зиёд кишварашон аз эътилофи арабӣ хориҷ мешавад. Аз ҳамин рӯ Арабистон ва Аморот саҳми бузурге дар ҳукумати муваққати Судон ба раҳбарии шӯрои низомии интиқолӣ барои мондани қудрат дар қабзаи онҳо доранд.

Ӯ афзуд: “Ҳар давлате дар Хортум, ки дӯсти Арабистон ва Аморот бошад аз ҳимояти ин ду кишвар дар шӯрои ҳамкории Халиҷи форс бархурдор хоҳад буд, сарфи назар аз инки алайҳи шаҳрвандони худ муртакиби нақзи ҳуқуқи инсон шавад. Илова бар инки раҳбарони кунунии Судон ваъда додаанд ба мубориза бо яманиҳо идома медиҳанд ва Арабистон ва Аморот ба нақши худ дар тақвияти машрӯъияти шӯрои низомӣ идома хоҳанд дод”.

Кавиро дар поён овардааст, ки агар ҷанг дар Яман идома пайдо кунад интизор меравад саудиҳо ва аморотиҳо аз нуфузи молии худ зидди ҳокимони низомии Судон истифода кунанд то мушорикати низомёни судонӣ ва кӯдак-сарбозони онҳо дар мубориза бо яманиҳо идома ёбд.

Ал-ҳусӣАморотАмороти Муттаҳидаи арабӣАрабистон Саудӣкӯдак-сарбозСудонХортумҶанҷавидЭътилофи мутаҷовизонЭътилофи СаудӣЯман
Comments (0)
Add Comment