Эътирозоти мардуми Баҳрайн ба баргузории нишасти Манома

Шаҳрвандони Баҳрайнӣ ба нишонаи эътироз ба мизбонии нишасти иқтисодии Манома мавсум ба “Кор гуруҳи Манома”, парчамҳои Фаластинро бар пушти боми хонаҳои худ насб карданд.
Ин нишаст бино ба даъвати давлати Амрико ва бо мушорикати теъдоде аз кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Аморот, миср, Урдун ва Мағриб баргузор шуд.


Лубнон, Ироқ ва Кувайт ширкат накардани худ дар ин нишастро эълон кардаанд ва дар ҳамин робита як манбаи огоҳ дар Кохи Сафед низ гуфт, ки теъдоди ҳайатҳои ширкаткунанда дар ин нишаст 39 ҳайат аз ҷумла ҳайатҳои аз Аврупо ва Осиё аст.

Расонаҳои Баҳрайн низ гузориш доданд, ки неруҳои амниятии ин кишвар дар саросари пойтахт мустақар шудаанд ва эҳтимоли баргузории тазоҳуроти эътирозомез вуҷуд дорад.

“Ҷарред Кушнер” мушовири раисҷумҳури Амрико пеш аз азимат ба Манома муддаӣ шуд, ки “Коргоҳи Манома, то алон муваффақияте дошт ва шумори зиёде аз сармоягузорон дар он ширкат мекунанд”.

Вай дар мусоҳиба бо шабакаи Алҷазира дар бора адами мушорикати ташкилоти худгардон дар ин нишаст, тасреҳ кард, ки таҳрими нишасти Манома аз сӯи ташкилоти худгардон, шикасти барои он нахоҳад буд.

Тарҳи сулҳ мавсум ба “Муомила қарн”, ки Амрико барои поён додан ба мунозиъа байни Фаластиниён ва саҳюнистҳо матраҳ карда, ба думболи ҳазфи ҳамешагии бозгашти оворагони Фаластинӣ (мутобиқи омор шаш миллион) ба сарзамини худ ва искони онҳо дар “ватани ҷойгузин” яъне кишварҳои дигар аст.

Ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режеми сҳюнистӣ дар давлати Амрико ва интиқоли сафорати ин кишвар аз Телавив ба шаҳри Қудс тайи камтар аз як соли гузашта дар ин росто анҷом шудааст ва қарор нест кишваре ба номи Фаластин ба пойтахти Қудс ба расмият шинохта шавад.

АмрикоҚудсМуомила қарнТелавивФаластинҶарред Кушнер
Comments (0)
Add Comment