Баргузории таҷаммуи эътирозӣ алайҳи “Муомилаи қарн” дар Нидерланд

Фаластиниёни муқими Нидерланд дар ин таҷаммуъ, порчаи навиштаҳое дар даст доштанд, ки руи онҳо навишта шуда буд “на ба муомилаи қарн, на ба нишасти Манома, бале ба ҳуқуқи мардуми Фаластин”.

Таҷҷамуъкунандагон бо судури баёнияе Муомилаи қарнро фоҷеае барои мардуми Фаластин тавсиф карданд.

Шаҳрвандони фаластинӣ дар шаҳрҳои Рим ва Лациои Ияталия низ рӯзи сешанбе таҷаммуе алайҳи конфронси Баҳрайн баргузор карданд.

Нишасти дурӯзаи Баҳрайн дар иртибот бо муомилаи нангини қарн аз рӯзи сешанбе дар Манома пойтахти Баҳрайн оғоз шудааст. Ин нишаст нахустин марҳилаи иҷрои Муомилаи қарн аст.

Дар ҳафтаҳои ахир бисёре аз кишварҳои исломӣ ва ғайриисломӣ аз ҷумла Лубнон, Ироқ, Чин ва Русия нишасти Баҳрайнро таҳрим кардаанд.

Ҷазби сармоягузорӣ дар заминҳои Фаластин ва эътои қарзҳои камбаҳра ба Фаластин аз аҳдофи нишасти Баҳрайн унвон шудааст.

Муомилаи қарн тарҳи наве аз сӯи давлати Амрико аст, ки дар паи аз байни бурдани ҳуқуқи мардуми Фаластин аст. Ин тарҳ бо ҳамкории бархе кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистон ва Аморот таҳия шудааст.

Бар асоси тарҳи амрикоии Муомилаи қарн Қудси шариф ба режими саҳюнистӣ вогузор мешавад, оворагони фаластинии дар дигар кишварҳо ҳаққи бозгашт нахоҳанд дошт ва Фаластин танҳо моликияти заминҳои боқимондаи Каронаи Бохтарии руди Урдун ва борикаи Ғаззаро хоҳад дошт.

АморотАмрикоАрабистонБаҳрайнИроқЛубнонМаномаНидерландРимРусияФаластинЧин
Comments (0)
Add Comment