Паёмҳои Эрон аз Бишкек ва Душанбе, ҳимояти Маскав ва Пекин аз иттиҳодҳои минтақаӣ

Фарҳод Иброҳимов коршиноси улуми сиёсии академии улуми Русия дар гуфтугӯ бо хабарнигори хабаргузории Форс, бо ишора ба ҳузури фаоли мақомоти баландпояи Эрон дар нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек ва низ иҷлоси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе гуфт, барои Эрон бисёр муҳим аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иҷрои сиёсати равони худ ҳатто бо ташдиди фишори Амрико идома диҳанд ва кишварҳои минтақа низ ба хубӣ дарк мекунанд, ки Вашингтон як бозигари хориҷ аз минтақааст дар ҳоле, ки Теҳрон ҳамсояи алоқаманд ба тавсеаи равобити ҳамаҷониба аз ҷумла масоили амниятӣ ва иқтисодӣ аст.

Вай таъкид кард, Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон дар ҳар 2 нишаст дар Бишкек ва Душанбе мавозеи Теҳрон дар масоили байналмиллалиро ба хубӣ муаррифӣ кард ва ин омил ба далели ташдиди иқдомоти Амрико аз ҷумла ҷанги иттилоотӣ алайҳи Эрон ва таҳаввулоти ахир дар баҳри Уммон бисёр муҳим аст.

Иброҳимов хотирнишон кард, дар воқеъ ҳадафи аслии Вашингтон мунзавӣ кардани Эрон аз тариқи фитнаангезиҳои мухталиф ва абзорҳои иттилоотӣ аст бинобарин мақомоти баландпояи эронӣ барои истифода аз зарфиятҳои созмонҳои байналмиллалиро ба хубӣ муаррифӣ кард ва ин омил ба далели ташдиди иқдомоти Амрико аз ҷумла ҷанги иттилоотӣ алайҳи Эрон ва таҳаввулоти ахир дар баҳри Уммон бисёр муҳим буд.

Иброҳимов хотирнишон кард, дар воқеъ ҳадафи аслии Вашингтон мунзавикардани Эрон аз тариқи фитнаангезиҳои мухталиф ва абзорҳои иттилоотӣ аст бинобарин мақомоти баландпояи эронӣ барои истифода аз зарфиятҳои созмонҳои байналмиллалӣ бо ҳузури Русия, Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои эъломи дидгоҳи Теҳрон талош мекунанд. Барои кишварҳои минтақа низ дидгоҳи раиси ҷумҳур ва раҳбари ин кишвар дар чорчуби барномаҳои стратежик муҳим аст.

Коршиноси рус афзуд, Руҳонӣ дар марҳилаи нахуст аз тамоми ин кишвар барои тавсеаи ҳамкорӣ бо Эрон ҳатто бо вуҷуди фитнаангезӣ ва таҳаввулоти минтақа даъват кард. Аз сӯи дигар роҳбарони Чин ва Русия низ аз Теҳрон ҳимоят карда ва аз лузуми ҷустуҷуи роҳҳои нав барои ҳалли даргириҳо хабар доданд.

Вай гуфт, ҳамонтавр, ки қаблан пешбинӣ шуд бо ташдиди таниш байни Эрон ва Амрико, Теҳрон ба самти тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва АвруОсиё ҳаракат кард ва дар ин замина оддисозии равобит бо Туркманистон ва Тоҷикистон иқдоме мантиқӣ ба назар меояд.

Ин коршинос таъкид кард, ҳар 2 кишвари мазкур марзҳои муштараке бо Афғонистон доранд ва вазъияти феълии ин кишвар нигаронкунандааст ба ҳамин далел эҳтимолан Эрон ба тавсеаи равобити амниятӣ бо Туркманистон ва Тоҷикистон хоҳад пардохт зимни инки эҳёи музокироти меҳвари содироти газ метавонад омили муҳимме бошад.

АвруОсиёАмрикоАфғонистонВашингтонРусияТоҷикистонҲасани РӯҳонӣЧинЭрон
Comments (0)
Add Comment