САҲА пуштибонии озодии баён дар Тоҷикистонро идома медиҳад

Ба гузориши Тоҷик Пресс ба нақл аз Радиои Озодӣ, Валериу Кивер, роҳбари нави намояндагии САҲА дар Душанбе рӯзи 21-и июн зимни як нишасте вобаста ба худтанзимкунии ВАО гуфт, барномаҳои ин созмон барои кӯмак ба рушди ВАО дар Тоҷикистонро идома хоҳанд дод. Кивер гуфт, САҲА аз оғоз барои дастгирии ВАО дар Тоҷикистон фаъол буд ва худи ӯ ба ояндаи ин кор назари нек дорад.

Бо ин ҳама роҳбари дафтари нави САҲА дар Душанбе афзуд, “ВАО ба ҳайси як “ҳукумати чорум”-и иловагӣ дар қатори ҳукуматҳои иҷрокунанда, қонунгузор ва адлия мебошад, ҳарчанд ин қувваи бузург метавонад сӯиистифода шавад ва демократияро зери хатар гузорад”.

Роҳбарии нави САҲА дар Душанбе дар ҳоле ба дастгирии озодии баён таъкид мекунад, ки коршиносон ин созмонро ба хомӯшӣ дар баробари нақзи озодии баён дар Тоҷикистон муттаҳам мекунанд.

Баъди сентябри соли 2016 равобити ҳукумати Тоҷикистон ва САҲА дучори мушкил шуд. Ширкати мухолифону мунаққидони ҳукумати тоҷик дар нишасти солонаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава мавриди эътирози ҳукумати Тоҷикистон шуд ва баъди ним сол мақоми ин созмон дар Тоҷикистон маҳдуд шуд ва дафтарҳои саҳроии он дар минтақаҳои кишвар баста шуд.

САҲА мегӯяд, ки конфронси ҳуқуқи башари ин созмон – як майдони озоди баҳсу баррасиҳо барои ҳама гурӯҳҳои ҷамъиятӣ аст ва ҳеҷ гоҳ ширкати ин ё он гурӯҳро дар ин нишасти муҳим маҳдуд намекунад.

Тоҷикистон солҳои охир барои маҳдуд шудани озодиҳои сиёсӣ мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ шудааст.

Валериу Кивер моҳи майи имсол ҳамчун роҳбари нави Дафтари САҲА дар Душанбе ба кор шуруъ намуд. Худи ӯ мегӯяд, то омадан ба Тоҷикистон дар чаҳор кишвари дигари Осиёи Марказӣ ҳамчун намояндаи САҲА фаъолият кардааст.

Кивер соли 2005 мушовири раиси САҲА дар Узбекистон, баъдан танзимгари барномаҳои САҲА дар Ишқободи Туркманистон, Алмаатои Қазоқистон ва муовини раиси САҲА дар Бишкек буд.

маҳбусони сиёсӣозодии баёнОсиёи МиёнаСАҲАСозмони Милали МуттаҳидСозмони Ҳуқуқи ИнсонТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment