“Трампро шоистаи музокира намедонам”

Сайидалӣ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имрӯз (панҷшанбе) дар дидори оқои Шиндзо Абе, нахуствазири Ҷопон ва ҳайати ҳамроҳ таъкид карданд: “Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ эътимоде ба Амрико надорад ва таҷрибаи талхи музокироти қаблӣ бо Амрико дар чорчӯби БАРҶОМ-ро ба ҳеҷ ваҷҳ такрор нахоҳад кард, зеро ҳеҷ миллати озода ва оқил музокираи таҳти фишорро намепазирд.”
Дар ибтидои ин дидор оқои Шиндзо Абе, нахуствазири Ҷопон хитоб ба раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: “Ман қасд дорам паёми раисҷумҳури Амрикоро ба ҷаноби олӣ бирасонам.”
Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон хитоб ба нахуствазири Ҷопон гуфт: “Мо дар ҳусани ният ва ҷиддӣ будани шумо тардид надорем аммо дар хусуси ончи аз раисҷумҳури Амрико нақл кардед, ман шахси Трампро шоистаи мубодилаи ҳеҷ паёме намедонам ва ҳеҷ посухе ҳам ба ӯ надорам ва нахоҳам дод.”
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: “Матолиберо, ки баён хоҳам кард, дар чорчӯби гуфтугӯ бо нахуствазири Ҷопон аст зеро мо Ҷопонро кишвари дӯст медонем, агарчи гилаҳое ҳам вуҷуд дорад.”
Эшон бо ишора ба сӯҳбатҳои нахуствазири Ҷопон мабнӣ бар инки Трамп ба ӯ гуфта “Амрико қасди тағйири режим дар Эронро надорад”, таъкид карданд: “Мушкили мо бо амрикоиҳо мавзӯи тағйири режим нест, зеро онҳо агар чунин қасде ҳам дошта бошанд, қодир ба иҷрои он нестанд, ҳамонтавр, ки руасои ҷумҳури қаблии Амрико, дар чиҳил соли гузашта, барои нобудии Ҷумҳурии Исломии Эрон талош карданд аммо натавонистанд.”
Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон хотирнишон карданд: “Инки Трамп мегӯяд қасди тағйири режимро надорад як дурӯғ аст зеро агар метавонист ин корро анҷом диҳад, анҷом медод, аммо наметавонад.”

Сайидалӣ Хоманаӣ бо ишора ба сӯҳбатҳои нахуствазири Ҷопон мабнӣ бар дархости Амрико барои музокира дар бораи мавзӯи ҳастаӣ, гуфтанд: “Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муддати панҷ, шаш сол дар мавзӯи ҳастаӣ бо Амрико ва аврупоиҳо дар қолаби 1 + 5 музокира кард ва ба як натиҷа ҳам расид, аммо Амрико зери ин тавофуқ ва қарордоди қатъӣ зад, бинобар ин кадом фарди оқиле аст, ки дубора бо кишваре, ки зери тамоми тавофуқҳо зада, музокира кунад?”
Эшон ба бахши дигаре аз сӯҳбатҳои нахуствазири Ҷопон мабнӣ бар азми Амрико барои ҷилавгирӣ аз сохти силоҳи ҳастаӣ ба василаи Эрон ишора карданд ва афзуданд: “Мо бо силоҳи ҳастаӣ мухолифем ва фатвои шаръии ман ҳаром будани сохти силоҳи ҳастаӣ аст, аммо инро бидонед, ки агар мо қасди сохти силоҳи ҳастаӣ доштем, Амрико ҳеҷ коре наметавонист бикунад ва иҷоза надодан Амрико, ҳеҷ монъе эҷод намекард.”
Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар инки анбошти силоҳи ҳастаӣ низ иқдоме хилофи ақл аст, хотирнишон карданд: “Амрико ба ҳеҷ ваҷҳ салоҳияти ҳарф задан дар бораи инки кадом кишвар силоҳи ҳастаӣ дошта бошад ё надошта бошад надорад зеро Амрико, чанд ҳазор кулоҳаки ҳастаӣ дар анборҳои худ дорад.”
Эшон бо ишора ба суханони нахуствазири Ҷопон мабнӣ бар инки Амрико омодаи музокироти содиқона бо Эрон аст, хитоб ба оқои Шиндзо Абе гуфтанд: “Мо ин ҳарфро аслан бовар намекунем зеро музокироти содиқона аз ҷониби шахсе ҳамчун Трамп, содир намешавад.”
Сайидалӣ Хоманаӣ таъкид карданд: “Садоқат дар миёни мақомоти амрикоӣ бисёр камёб аст.”
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хитоб ба нахуствазири Ҷопон афзуданд: “раисҷумҳури Амрико чанд рӯзи пеш бо ҷаноби олӣ дидор ва гуфтугӯ ва дар бораи Эрон ҳам сӯҳбат кард, аммо баъд аз бозгашт аз Ҷопон, билофосила таҳрими саноеи петрушимии Эронро эълон кард, оё ин паём содиқона аст? Оё ин нишон медиҳад, ки ӯ қасди музокираи содиқона дорад?”
Эшон таъкид карданд: “Мо ба ҳеҷ ваҷҳ таҷрибаи талхи музокираи чанд соли ахир бо Амрикоро такрор нахоҳем кард.”
Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба раванди музокира бо амрикоиҳо дар чорчӯби “БАРҶОМ” гуфтанд: “Баъд аз тавофуқи ҳастаӣ аввалин касе, ки БАРҶОМ-ро билофосила нақз кард, шахси Обама буд; ҳамон касе, ки дархости музокира бо Эрон карда ва восита ҳам фиристода буд.”
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: “Ин таҷрибаи мо аст ва ҷаноби оқои Абе бидонед, ки мо ин таҷрибаро такрор намекунем.”
Эшон бо ишора ба суханони нахуствазири Ҷопон дар бора, ки Трамп гуфтааст “музокира бо Амрико сабаби пешрафти Эрон хоҳад шуд”, таъкид карданд: “Мо ба лутфи Худованд бидуни музокира бо Амрико ва бо вуҷуди таҳрим ҳам ба пешрафт хоҳем расид.”
Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон бо истиқбол аз пешниҳоди нахуствазири Ҷопон барои густариши равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, хотирнишон карданд: “Ҷопон кишвари муҳиме дар Осиё аст ва агар ба густариши равобит бо Эрон майл дорад бояд иродаи қотеи худро нишон диҳад, ҳамонгуна, ки бархе кишварҳои муҳим ин иродаро нишон додаанд.”
Эшон бо ишора ба душманиҳои чиҳил солаи Амрико бо миллати Эрон ва идомаи ин душманиҳо, афзуданд: “Мо мӯътақидем аз тариқи музокира бо Амрико, мушкилоти мо ҳал нахоҳад шуд ва ҳеҷ миллати озодае, музокира зери фишорро қабул нахоҳад кард.”
Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба бахше аз суханони нахуствазири Ҷопон дар ин бора, ки амрикоиҳо ҳамвора мехоҳанд тарзи фикр ва ақоиди худро ба дигар кишварҳо таҳмил кунанд, гуфтанд: “Инки шумо ин воқеиятро тасдиқ мекунед, хуб аст ва инро ҳам бидонед, ки амрикоиҳо дар таҳмили дидгоҳҳои худ ба ҳеҷ ҳадде қонеъ нестанд.”
Дар ин дидор, ки оқои Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ҳам ҳузур дошт, оқои Шиндзо Абе бо ишора ба музокироти худ дар Теҳрон ибрози умедворӣ кард, ки ин гуфтугӯҳо заминаи густариши бештари ҳамкориҳоро фароҳам кунад.

АмрикоБАРҶОМОбамаСайидалӣ ХоманаӣТрампҲасани РӯҳонӣҶопонҶумҳурии Исломии ЭронШиндзо Абе
Comments (0)
Add Comment