Муомилаи қарн – ватани қавми яҳуд “1”

Раёсатҷумҳурии Доналд Трамп дар Амрико аз соли 2017 бо тағйироти ҷиддӣ дар фазои сиёсии шарқ ва ғарби осиё ҳамроҳ шуд. Ин тағйирот аз як сӯ ба далели таҳаввулоте буд, ки дар ғарб ва шарқи Осиё шиддат гирифта буд ва аз сӯи дигар ба шахсияти Трамп ва тағйири сиёсатҳои давлати ҷадиди Амрико бозмегашт, ба ҳар ҷиҳат тасмимгириҳо, тарҳҳо ва иқдомоти Трамп мавҷе аз ғофилгирӣ ва масоили ғайри қобили пешбиниро ба вуҷуд овард, ки ба шиддати таҳаввулот доман мезад.

Яке аз муҳимтарин тарҳҳо ва тасмимоти давлати Трамп ва шояд ҳам муҳимтарини онҳо тарҳе буд, ки бо унвони “муомилаи қарн” – дар англисӣ “Deal century” ва дар арабӣ “сафқатулқарн” – буд, ки 6 моҳ пас аз раёсатҷумҳурии Трамп, дар расонаҳо бар сари қаламҳо афтод. “Муомилаи қарн”, тарҳи давлати Трамп барои ҳалли масъалаи Фаластин аст, ки аз сӯи давлати ӯ аз замони сафари Трамп ба Риёзу Фаластини ишғолӣ дар соли 2017 тавассути домоди яҳудии ӯ Ҷерород Кушнер матраҳ шуд.

Нигоҳе ба таърихчаи тарҳҳои амрикоӣ барои Фаластин

давлатҳои Амрико аз замони таъсиси режими саҳюнистӣ ҳамвора ин режимро ба унвони ҳампаймон ва шарики стратегии худ матраҳ кардаанд. Ҳамаи ин давлатҳо бо режими саҳюнистӣ ҳамроҳӣ ва ҳамкории танготанг доштаанд, аммо аз замони Буши падар дар оғози даҳаи 90-и қарни 20-и мелодӣ давлати Амрико, тарҳи вижаеро барои Фаластин ироа кард. Буши падар охирҳои соли 1990 дар конграи Амрико аз тарҳе бо номи “раванди сулҳи Ховари Миёна”, ба англисӣ “Middle east peace process” рӯнамоӣ кард. Ин тарҳ оғози масири ҷадиде аз ҳимояти Амрико аз саҳюнистҳо буд.

Меҳвари аслии “раванди сулҳи Ховари Миёна” чӣ буд?

Дар тарҳе, ки давлати Буши падар ироа кард меҳвари аслии тарҳ бо унвони “ду давлат”, ба англисӣ “Ttwo states” буд. Бар асоси ин асл бояд ду кишвари фаластинӣ ва яҳудӣ дар Фаластини таърихӣ ташкил шавад. Ин ду кишвар ба ин тариқ ба вуҷуд хоҳанд омад, ки фаластиниҳо силоҳро канор гузошта, режими саҳюнистиро ба расмият мешиносанд ва пас аз он аз тариқи музокираи ду давлат, яке фаластинӣ ва дигараш яҳудӣ, дар Фаластин эҷод хоҳад шуд.

Бар асоси ин тарҳ конфронси Мадриди 1991 ва тавофуқномаи Осло 1993 рақам хӯрд ва созмони озодибахши Фаластинро пойи мизи музокира нишонд. Аз он сол то кунун 26 сол ин музокирот идома доштааст ва натиҷаи он чизе ҷуз музокира барои музокира набудааст ва созмони озодибахши Фаластин чизе аз музокирот насибаш нашудааст.

Давлатҳои Амрико аз замони Буши падар то соли 2016, ки чаҳор раиси ҷумҳур (Буши падар, Келинтон, Буши писар ва Барак Обама)-ро ба худ дида буданд ҳамин равандро бо меҳварияти “ду давлат” думбол карданд.

Тағйири рӯйкарди тарҳи Амрико дар давраи Трамп

Давраи Трамп ҳамонгуна, ки дар тамомии бахшҳои минтақавӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, равобити байналмилал ва низомӣ шоҳиди тағйири равиш ва рӯйкард буд, Фаластинро низ шомил шуд ва тағйири асосӣ ва решаӣ дар рӯйкарди тарҳи давлати Амрико барои Фаластин ба вуҷуд овард. Дар тарҳе, ки давлати Трамп бо унвони “муомилаи қарн” ироа кард асоси ҳалли масъалаи Фаластин тарҳи “ду давлат” нест балки ташкили “ватани қавми яҳуд” дар Фаластин матраҳ аст.

Худи Трамп аз ҳамон замони интихоб ба унвони раиси ҷумҳури Амрико эълом кард, ки бо тарҳҳои қаблӣ мухолиф аст ва ҳарфҳои ҷадиде дорад. Саҳюнистҳо низ аз ҳамон замон эълом карданд, ки фаластиниҳо бояд ташкили давлати Фаластиниро фаромӯш кунанд.

Маънои ташкили “ватани қавми яҳуд”

Ишғоли кулли Фаластини таърихӣ

Маънои ва меҳварии аслии муомила қарн, яъне ташкили “ватани қавми яҳуд”, ишғоли комили Фаластин тавассути саҳюнистҳо аст. Ин истилоҳ номи ҳамон китобе аст, ки Ҳертзел дар қарни 19 навишт: “Давлати яҳуд”. Ишғоли комили Фаластин ва ташкили “ватани қавми яҳуд” бахши аслии проекти саҳюнизм дар минтақа аст; тарҳе, ки аз соли 1948 то кунун бо вуҷуди таъсиси режими саҳюнистӣ имкони иҷроӣ кардани он фароҳам нашуда буд, ҳол дар давраи Трамп, ин шахсияти ғайриоддӣ, фазоеро барои саҳюнистҳо фароҳам кардааст, ки онҳоро ба иҷрои ин проекти истеъморӣ бурдааст.

Дар ҳамин ҷиҳат саҳюнистҳо дар ҳоли баррасии тарҳи иттисоли Каронаи Бохтарӣ ба сарзаминҳои соли 1948 ҳастанд. Дар марҳалаи аввали ин тарҳ қарор аст шаҳракҳои саҳюнистнишини Каронаи Бохтарӣ илҳоқ шаванд ва бо гузашти замон тамоми Каронаи Бохтарӣ ба сарзаминҳои 1948 муттасил хоҳанд шуд. Дар ҳоли ҳозир қарор аст дар гоми нахуст қонунҳои сарзаминҳои 1948 дар шаҳракҳои саҳюнистнишин иҷроӣ шаванд. Ин шаҳракҳо пеш аз ин дорои қонунҳои мустақил буданд, ки дар Шӯрои шаҳракҳои Каронаи Бохтарӣ тасвиб мешуданд.

Ишғоли Қудс

Интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Қудс яке аз гомҳои ишғоли комили Фаластин аст, ки соли 2018 иҷроӣ шуд. Маънои ин иқдоми дипломатики Амрико, ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ва “ватани қавми яҳуд” аст. Иқдоми Трамп мабнӣ бар ҳузур канори девори барроқ тавассути яҳудиҳои девори Нудба номида мешавад, ки дар соли 2017 бо ҳамин ҳадаф сурат гирифт.

Ихроҷи фаластиниҳо ва нодида гирифтани ҳаққи бозгашт

Маънои дигари ташкили “ватани қавми яҳуд” ихроҷи фаластиниҳо аз Фаластин аст. Бо ташкили “ватани қавми яҳуд” бар асоси дидгоҳи саҳюнистҳо фақат яҳудиҳо метавонанд дар Фаластини ишғолӣ ҳузур дошта бошанд, аз ҳамин рӯ дигар ҷое барои фаластиниҳо вуҷуд надорад; бар ҳамин асос саҳюнистҳо соли гузашта қонуни қавмиятро дар парлумони худ тасвиб карданд, ки бар асоси ин қонун, Фаластин ба унвони ватани қавми яҳудиҳо муаррифӣ мешава.

Як нуктаи муҳим

Тафовути муҳиме, ки давраи Трамп бо қабл аз он пайдо кардааст ин аст, ки дар давраҳои қабл тарҳи “раванди сулҳи Ховари Миёна” тарҳи зоҳиран амрикоӣ буд, ки барои ҳалли масъалаи Фаластин ироа шуда буд. Ҳарчанд он тарҳ бидуни таъйиди саҳюнистҳо ба тасвиб нарасидааст, аммо зоҳири амрикоӣ дошт. Аммо дар давраи Трамп тарҳи комили саҳюнистӣ аст, ки танҳо аз забони Трамп ва давлати ӯ баён мешавад, дар ҳақиқат Трамп баландгӯ ва сухангӯи саҳюнистҳо аст, ки хостаҳои онҳоро ҷомаи амал мепӯшонад.

Ҷамъбандӣ

Ба таври куллӣ тарҳи “муомилаи қарн”-и Трамп як меҳвари калидӣ ва як ҳадафи ниҳоиро думбол мекунад ва он ҳам эъмоли бахши аслии проекти саҳюнизм дар Фаластин яъне ишғоли кулли Фаластини таърихӣ аст, дар ин бора саҳюнистҳо иқдом ба ишғоли Қудс ва интиқоли сафоратҳои хориҷӣ ба онҷо кардаанд, қонуни қавмиятро дар парлумони худ тасвиб карданд ва қасди доранд ба зудӣ Каронаи Бохтариро ба сарзаминҳои 1948 муттасил кунанд.

Давлати Трамп бо тарроҳии саҳюнистҳо бахшҳои дигареро барои иҷрои “муомилаи қарн” дар дохил ва хориҷи Фаластин барномарезӣ кардааст, ки дар бахшҳои баъдии ин навишта онҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

Идома дорад…

Амриковатани қавми яҳудДоналд Трампқавми яҳудҚаронаи БохтарӣҚудсМуомилаи қарнРежими саҳюнистӣФаластинХовари Миён
Comments (0)
Add Comment