Раванди рақобати сиёсӣ дар Қазоқистон

Интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистон рӯзи якшанбе 8 июн баргузор хоҳад шуд. Дар чорчӯби ин интихобот 7 номзад аз аҳзоби мухталиф кишвар барои тасоҳуби курсии раёсатҷумҳурӣ рақобат мекунанд. Тоқаев, ки баъди истеъфои Назарбоев қудратро дар даст гирифтааст, дар як паёми телевизионӣ ба мардуми Қазоқистон ваъда дод буд, ки ӯ “тазмини интихоботи озод ва мунсифона”-ро хоҳад дод. Ба ақидаи коршиносон ҳанӯз наметавон ҳеҷ интихоботе дар кишварҳои Осиёи Марказиро аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ дар соли 1991 интихоботи озод ва мунсифона донист.

Нуктаи пураҳамият инҷост, ки ин панҷумин даврае аст, ки дар Қазоқистон интихоботи зудҳангом баргузор мешавад. Дар ҳоле, ки Тоқаев метавонист то апрели 2020 дар қудрат бимонад тарҷеҳ дод то ба расми давраҳои гузашта, ки зоҳиран табдил ба суннати сиёсии ин кишвар шудааст, тан ба интихоботи зудҳангом бидиҳад.

Дар бораи интихоботи зудҳангоми ин давра метавон далелҳои бисёреро баён кард. Аз ҷмлаи муҳимтарин далелҳо дар ин бора метавон ба нигаронии давлат аз эҳтимоли густариши эътирозҳои умумӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва хатари ҷараёнҳои ифротӣ ишора кард. Ҳамчунин мушкилоти иқтисодӣ дар Қазоқистон чанд соли ахир афзоиш ёфта ва ба далели коҳиши қимати энержӣ дар ҷаҳон, даромадҳои будҷаи ин кишвар коҳиш ёфтааст; аз ҳамин рӯ дар ин шароит интихоботи зудҳангом ба Остона (Нурсултон) имкон медиҳад то машрӯъияти қудрат дар ин кишварро афзоиш диҳад ва беш аз гузашта масъалаи ҳокимият ва сохтори ҳукумат барои муқобила бо чунин таҳдидҳо тақвият шавад ва аз таъсироти манфии авомили хориҷӣ ба рушд ва тавсеаи ин кишвар кам шавад.

Дар ҳоли ҳозир ба рағми истеъфои Назарбоев дар моҳи март ва ба қудрат расидани Тоқаев ҳамчунон дар Қазоқистон, нафари аввали қудрат ин Назарбоев аст ва истеъфои ӯ аз раёсатҷумҳурӣ ба ҳеҷ ваҷҳ нуфуз ва қудрати ӯро коҳиш надодааст. Илова бар инки тағйироти қонуни асосӣ дар соли 2017, қудрати раиси ҷумҳури Қазоқистонро заиф ва суст кар карда ва нуфузи Шӯрои амнияти Қазоқистонро, ки акнун дар ихтиёри Назарбоев қарор дорад, тақвият кардааст. Илова бар Шӯрои амният, парлумон ҳам дар ихтиёри ҳизби Нуротон ба раёсати Назарбоев аст, ки ҳамаи инҳо дар ҳоли ҳозир ӯро қодир месозад то ба андозаи қобили таваҷҷуҳе дар ояндаи Қазоқистон ва интиқоли қудрат таъсиргузор бошад.

Раиси ҷумҳури феълии Қазоқистон, бо таваҷҷуҳ ба доро будани ҳимояти ҳизби ҳоким Нуротон, ки дар интихоботи парлумонии Қазоқистон дар соли 2016 наздик ба 82% раъйро дар ихтиёр дошт ва ҳамчунин ҳимояти тамомқадди Нурсултон Назарбоев аз ӯ, ба эҳтимоли бисёр зиёд пирӯзи ниҳоии интихобот хоҳад шуд. Назарбоев дар замони таблиғоти расмии номзадҳо борҳо дар митингҳои тилиғотӣ дар канори Тоқев ҳозир шуд ва низ дар охирин конграи ҳизби Нуротон, дар тавсифи Тоқаев бо гуфтани ҷумлаи «бо шинохте, ки аз ӯ дар солҳои ҳамкорӣ бо якдигар дорам, эътиқод дорам, ки ӯ беҳтарин номзаде аст, ки барои ин мақом дар кишвар вуҷуд дорад», ҳимояти комили худ аз вайро эълом намудааст.

Дар шароите, ки дар Қазоқистон ниҳодҳои сиёсӣ ба шиддат заиф ҳастанд ин интихобот эҳтимолан сирфан як намоиш барои машрӯъ ҷилва додани тасмими Назарбоев барои интиқоли қудрат хоҳад буд, ҳар чанд, ки ҳануз ба таври дақиқ мушаххас нест, ки Назарбоев барои ояндаи қудрат чӣ тасмим гирифтааст.

Бо пирӯзии эҳтимолии Тоқаев дар интихоботи Қазоқистон ва қудрат гирифтани ӯ метавон яке аз ин ду ҳолатро тасаввур кард; нахуст инки зоҳиран Назарбоев ҳануз барои саволи ҷонишини доимии худ посухи муносиберо пайдо накардааст ва интихоби Тоқаев дар замони феълӣ ин фурсатро ба ӯ медиҳад то тамоми ҷавонибро барои интихоби қатъии бисанҷад ва беҳтарин тасмимро бигирад ва эҳтимоли дувум инки баъд аз ин, мақоми раисҷумҳур дар Қазоқистон дигар аҳамият нахоҳад дошт ва сирфан ба як мақоми ташрифотӣ ва саргармкунанда барои афкори умумӣ табдил хоҳад дошт, ки ислоҳоти қонуни асосӣ дар соли 2017 дар Қазоқистон, фарзияи дувумро тақвият мекунад.

Бархе аз таҳлилгарони Қазоқистон мӯътақиданд, ки Тоқаев то замоне дар қудрат боқӣ хоҳад монд, ки Назарбоев зиндааст ва амалан ҳанӯз ӯ аз пушти саҳна қудратро дар даст дорад, ҳамонтавр, ки худ ӯ дар паёми истеъфояш гуфт: “Ман бо шумо хоҳам монд”. Дар ин сурат ва баъд аз даргузашти Назарбоев дариғаи Назарбоева (духтари Назарбоев) як раҳбар барои ояндаи Қазоқистон хоҳад буд.

Натиҷаи интихобот ҳарчи бошад боз ҳам аз эҳтимол дур аст, ки Назарбоев қудрати худро ба як ҷонишини дигар бидиҳад ва интиқоли қудрат дар Қазоқистон ба эҳтимоли зиёд як интиқоли қудрати дарунхонаводагӣ хоҳад буд, чароки ба хотири моҳияти падарсолоронаи қудрат дар фарҳанги сиёсии Қазоқистон ва машрӯъияти суннатии Назарбоев барои ҳаддиақал 60 дарсади ҷамъияти Қазоқистон, ки синну соли онҳо камтар аз 30 сол аст ва раҳбаре ба ғайр аз Назарбоев надидаанд, мумкин аст ин интихобот сирфан як фазои танаффус ва тамрин бошад барои интиқоли дарунхонаводагии қудрат, дар ғайри ин сурат дар ҳолати заифтар, эҳтимолан қудрат ба як шахси бисёр қобили эътимод ва наздик ба вай интиқол пайдо хоҳад кард, чароки ӯ ба хубӣ аз таҷрибаи интиқоли қудрат дар Узбекистон дарс гирифтааст ва шоҳид буд, ки баъд аз марги Каримов дар соли 2016 ва қудрат гирифтани Мирзиёев, Узбекистон бо тағйироти бисёре мувоҷеҳ шуд ва бархе аз наздикони Каримов аз вазифаҳои худ канор гузошта шуданд ва маҳдудиятҳое ҳам барои фаъолияти атрофиёни Каримов эҷод шуд.

Ба таври куллӣ, бо таваҷҷуҳ ба фазои мавҷуд дар ин кишвар ба назар мерасад гузинаи мадди назари Назарбоев пирӯзи интихобот бошад. Дуруст аст, ки системи феълии Қазоқистон бисёр сахтгирона бо мухолифон ва мунтақидон муқобила мекунад ва ба шиддат ба рӯйи расонаҳо ва озодиҳои маданӣ маҳдудият эҷод мекунад, аммо бояд гуфт ин кишвар то ҳол бо вуҷуди мушкилоти иқтисодии чанд соли ахир, дар нисбат бо дигар кишварҳои Осиёи Миёна аз сатҳи рефоҳи муносибтаеи бархурдор будааст ва дар ҳоли ҳозир ҳатто нухбагони ҷомеаи Қазоқистон низ ба сабаби барномаҳои муносиби иқтисодӣ дар ҷиҳати тавсеаи Қазоқистон, ки мероси Назарбоев аст, хоҳони тағйироти густарда дар қудрати Қазоқистон нестанд.

интиқоли қудратинтихоботи президентӣҚазоқистонНурсултон НазарбоевТоқаевҳизби Нуротон
Comments (0)
Add Comment