Дархости мудири Шӯрои муфтиёти Русия барои муқобила бо “Муомилаи қарн”

Нафиқуллоҳ Аширов, мудири Шӯрои муфтиёт ва раиси Идораи мусалмонони манотиқи осиёии Русия рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА дар Маскав гуфт, дифоъ аз Фаластин ва ҷилавгирӣ аз зарба задан ба фаластинён вазифаи тамоми мусалмонони ҷаҳон аст.

Нафиқуллоҳ Аширов афзуд, мардуми Фаластин ниёз ба кишвари мустақили худро доранд, ки чанд даҳа пеш бар асари як тавтеаи ҷаҳонӣ онро аз даст доданд.

Аширов бо ишора ба ниёзи имрӯзи Фаластин ба ҳимояти ҷаҳонӣ барои дастёбӣ ба ҳуқуқи худ афзуд, мусалмонон бояд бо ширкат дар роҳпаймоиҳои рӯзи Қудс дар кишварҳои мухталиф, ба сарони кишварҳояшон паём диҳанд, ки аз ҳуқуқи мардуми Фаластин ҳимоят мекунанд ва иҷоза намедиҳанд бар сари ормони Фаластин муомила сурат гирад.

“Муомилаи қарн” тарҳе аз давлати Амрико барои аз байн бурдани ҳуқуқи мардуми Фаластин аст, ки бо ҳамкорӣ ва мувофиқати бархе кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистон таҳия шудааст.

Бар асоси тарҳи амрикоии “Муомилаи қарн”, Қудси шариф ба режими саҳюнистӣ вогузор мешавад. Оворагони фаластинӣ дар дигар кишварҳо ҳаққи бозгашт нахоҳанд дошт ва Фаластин танҳо моликияти заминҳои боқимондаи Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва борикаи Ғаззаро хоҳад дошт.

АрабистонҚудсМаскавМуомилаи қарнНафиқуллоҳ АшировРежими саҳюнистӣРусияФаластин
Comments (0)
Add Comment