Тазоҳуроти садҳо англисӣ дар ҳимоят аз Фаластин

Ба гузориши Тоҷик Пресс, ҳамзамон бо наздик шудани 71-умин солгарди “Рӯзи никбат” ва берун рондани мардуми Фаластин аз сарзаминашон, садҳо нафар дар Лондон, пойтахти Англис тазоҳурот карданд.

Эътирозкунандагон ибтидо дар баробари шабакаи хабарии “BBC” таҷаммӯъ карда ва пас аз он ба сӯи дафтари давлати Англис ҳаракат карда ва дар онҷо таҷаммӯъ баргузор карданд ва чанд нафар аз созмонҳои байналмилалӣ ва аз аъзои Маҷлиси авоми Англис ба суханронӣ пардохтанд.

Тазоҳуроткунандагон шиъорҳое дар ростои ҳуқуқи фаластиниён, озодӣ ва ҳаққи бозгашт сар дода ва шиъорҳое низ бар зидди тарҳи сулҳи амрикоӣ ба номи “Муомилаи Қарн” сар доданд.

Ин тазоҳурот бо ҳамкории чандин созмон аз ҷумла эътилофи “Ҷангро мутавақиф кунед” ва созмони “Дӯстони Ал-Ақсо” ва созмони ҳамоҳангии исломӣ дар Англис баргузор шуд.

Ҳамчунин чанд намояндаи англисӣ низ дар ин тазоҳурот мушорикат карданд.

АнглисҒаззаРӯзи никбатФаластин
Comments (0)
Add Comment