55 дарсади амрикоиҳо дар интихоботи 2020 ба Трамп раъй намедиҳанд

Ба гузориши Тоҷик Пресс, бар асоси назарсанҷии ҷадид беш аз 50% аз пурсишшавандагон эълом карданд, ки дар интихоботи президентии 2020-и Амрико ба “Доналд Трамп” раъй намедиҳанд.

Ин назарсанҷӣ тавассути “ABC news – Washington Post” анҷом шуда ва рӯзи душанбе мунташир шудааст.

Дар ин назарсанҷӣ, пурсишшавандагон эълом карданд, ки дар интихоботи соли оянда ба Трамп раъй нахоҳанд дод ва танҳо 39% аз пурсишшавандагон аз амалкарди Трамп дар даврони президентиаш ибрози ризоят карданд.

Замоне, ки аз ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ пурсида шуд, ки оё дар интихоботи 2020 ба Трамп раъй хоҳанд дод, 14 дарсад посух доданд, ки раъй додан ба ӯро дар назар қарор медиҳанд ва 28 дарсад эълом карданд, ки қатъан ба ӯ раъй медиҳанд.

Аз касоне, ки эълом карданд ба Трамп раъй нахоҳанд дод, 29 дарсади онҳо эълом карданд, ки қатъан ба рақиби демократи ӯ раъй хоҳанд дод.

Бештар аз нисфи пурсишшавандагон гуфтаанд, ки мунтазир хоҳанд монд то бенанд кадом як аз 21 номзади демократҳо дар ниҳоят дар баробари Трамп хоҳад истод.

Ин назарсанҷӣ байни рӯзҳои 22 то 25-и апрел ва байни 1001 нафар анҷом шудааст.

АмрикоДоналд ТрампинтихоботИнтихоботи АмрикоТрампҲизби демократ
Comments (0)
Add Comment