Ҳазорон Урдунӣ ба ҳимоят аз Қудс ва мухолифат бо Трамп бархостанд

Ҷашнвораи мардумии “Қудс дарвозаи пирӯзӣ” рӯзи ҷумъа бо ширкати ҷунбиши исломӣ ва гурӯҳҳои мухталифи мардумӣ ва ҳизбӣ дар минтақаи “Ал-Савима” дар устони Баҳрулмайти Урдун воқеъ дар марзи Каронаи Бохтарӣ баргузор шуд.

Ширкаткунандагон дар ин ҷашнвора ҳамчунин ҳамбстагии худ бо Фаластинён аз “Ал-Ақаба” (ҷануби Урдун) то “Ал-Рамса” дар шимоли (Урдун)-ро эълом карданд.

Ҳозирон дар ин ҷашнвора, ки бисёре аз онон низ Фаластиниҳои муқими Урдун буданд, плокордҳои бо худ доштанд, ки рӯйи онҳо навишта шуда буд : “овора ҳастем аммо ба зудӣ боз мегардем”, “ҷонам фидои Фаластин”, «режими ишғолгар машрӯъият надорад”, “ҳаргиз Исроилро ба расмият намешиносем”.

Тибқи гузориши хабаргузории Анатолия, “Абдулҳамид Ал-Занибот” аз раҳбарони гурӯҳи Ихвонулмуслимин бо эроди суханони бар мавзеи расмӣ ва мардуми Урдун мабни бар мухолифат бо “муомила қарн” таъкид кард ва аз давлати ин кишвар хост, то тавофуқномаи гази режеми саҳюнистиро лағв ва сафорати ин режем дар амонро таътил кунад.

Пеш аз ин “Абдуллоҳи дувум” шоҳи Урдун таъкид карда буд, ки кишвараш ҳаргиз ҳеҷ фишориро ба сабаби мавозеъҳо дар ҳимоят аз қазияи Фаластин ва Қудс намепазирад.

Тарҳи давлати Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико барои Фаластини мавсум ба “муомилаи қарн”, ба думболи ҳазфи ҳамешагии бозгашти оворагони Фаластинӣ (ҳудуди шаш миллион) ба сарзамини худ ва сукунати онҳо дар “ватан ҷойгузин” аст. Ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режеми спҳюнистӣ аз сӯи раисҷумҳури Амрико ва интиқолр сафоратр ин кишвар аз Телавив ба шаҳрр Қудс дар ин росто анҷом шудааст.

Ахиран ахборе мабни бар инки тарҳи муомилаи қарн пас аз моҳи Рамазон эълом мешавад, мунташир шудааст.

Абдулҳамид Ал-ЗаниботАл-АқабаАл-СавимаАмрикоДоналд ТрампҚудсмоҳи РамазонУрдун
Comments (0)
Add Comment