Боздошти сухангӯи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ

Ба гузориши Тоҷик Пресс ба нақл аз сомонаи “Ахбор”, Муҳаммад Улуғхоҷаев – котиби матбуотии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ба далели ифшои сирри давлатӣ аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт шуда, тақрибан 10 рӯз боз дар ҳабс қарор дорад. Ба гуфтаи манобеъ, Улуғхоҷаев гӯё кадом маълумоти сирриро ба як созмони хориҷӣ додааст. Дар пайи ҳабси сухангӯи нирӯҳои марзбонӣ, раиси КДАМ Саймумин Ятимов ба тамоми вазорату идораҳои давлатӣ расман нома навиштааст, ки минбаъд котиби матбуотӣ ҳаққу ҳуқуқ надорад, ки бе иҷозати раҳбараш хабар ё маълумотеро берун барорад, ё дар ҳузури хабарнигорон қарор диҳад.

Тибқи сарчашмаҳои хабарӣ, Улуғхоҷаев бо далели ин ки кадом маълумоти аҳамияти сиррӣ доштаро дар ихтиёри як созмони хориҷӣ қарор додааст ва ба ҳамин далел, аз ҷониби кормандони КДАМ дастгир шудааст. Ин иттилоъро ду манбаъ тасдиқ кард. Талошҳои тамос бо худи Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев натиҷа надод.

Ба гуфтаи манобеъ, вақте гуруҳи фаврии КДАМ манзили истиқоматии Улуғхоҷаевро кофтукоб карданд, иттилои ба созмони хориҷӣ додаи ӯро аз нотбукаш пайдо кардаанд. Гуфта мешавад, ӯ ин маълумотро тавассути интернет фиристодааст.

Тафсилоти дигари ин қазия маълум нест ва рӯшан нест, ки ин маълумоти сиррӣ дар бораи чӣ буд ва ба кадом созмони хориҷӣ фиристода шудааст. Мақомоти амниятӣ бар ин боваранд, ки ин муомила дар ивази пул сурат гирифтааст.

Дар пайи боздошти сухангӯи қӯшунҳои марзбонӣ, ба гуфтаи манобеъ, генерал-полковник Саймумин Ятимов – раиси КДАМ ҶТ ба тамоми идораву вазорат ва кумитаҳои давлатӣ расман бо мактуб муроҷиат кардааст, ки “минбаъд котиби матбуотӣ ҳаққу ҳуқуқ надорад, ки бе иҷозати раҳбараш хабар ё маълумотеро берун барорад, ё дар ҳузури хабарнигорон қарор диҳад”.

амниятКДАМКумитаи давлатии амнияти миллӣСаймумин Ятимов
Comments (0)
Add Comment